Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мурғоб воҳиди низомӣ таъсис меёбад


Дар ноҳияи Мурғоб воҳиди низомии вазорати дифои кишвар таъсис меёбад. Сардори комиссариати ҳарбии Бадахшон Зафар Давлатов бо таъйиди ин хабар гуфт, ки вазири дифоъ тайи сафари ахири худ ба Бадахшон дар як моҳ қабл, ба манзури интихоби ҷой барои воҳиди низомӣ, ба Мурғоб сафар карда буд.

Вай баён дошт, ки пас аз муайян шудани макони муносиб, воҳиди низомӣ таъсис ва бо ҳайати шахсӣ ва техникӣ таҳким меёбад.

Минтақаи стратегӣ

Минтақаи Мурғоб бо се давлати ҳамҷавор-Қирғизистон, Чин ва Афғонистон марзи муштарак дорад ва ба назари коршиносон, аз аҳамияти стратегӣ бархурдор мебошад.

Дар Мурғоб қаблан нерӯҳои марзбонии рус мустақар буда, баъдан онҳоро марзбонони тоҷик иваз карданд. Аммо барои нахустин бор аст, ки воҳиди низомии вазорати дифоъ дар Мурғоб таъсис меёбад.

Ба гуфтаи коршиносон, гарчанде Тоҷикистон бо се кишвари ҳаммарз дар минтақа муносибатҳои ҳасана дорад, аммо ноамнӣ дар марз бо Афғонистон ва таҷҷамуъи паноҳандагон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба дунболи нооромиҳои дохилии Қирғизистон, зарурати таъсиси воҳиди низомиро ба вуҷуд овардааст.

Таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар


Аммо ба гуфтаи Зафар Давлатов, таъсиси воҳидҳои низомӣ дар марз ба хотири таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар амри табии буда ба авзоъ марзӣ дар минтақа рабте надоранд.

Қаблан воҳидҳои низомии вазорати дифоъ дар марз бо Афғонистон таъсис ёфта буданд. Сипас ба дунболи ноороимиҳо дар Тавилдара ва Дарвоз дар баҳору тобистони соли гузашта, воҳиди низомии вазорати дифоъ дар маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвоз фаъол гардид.

Ба гуфтаи манбаъҳо дар сохторҳои марзбонӣ, ҳаводиси шарқи кишвар боиси таъхир дар таъсиси воҳиди низомии вазорати дифоъ дар Мурғоб гардид ва бо эътидоли вазъ, корҳои омодагӣ ба таъсиси воҳиди низомии нав шурӯъ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG