Пайвандҳои дастрасӣ

Питер Де Крим, вазири дифоъи Белгия, баъд аз дидораш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ин сӯҳбат масоили амнияти минтақа ва авзоъ дар Афғонистони ҷангзада баррасӣ шудааст. Вазири дифоъи Белгия рӯзи ҷумъа, 15-уми октябр барои дидор бо мақомотии Тоҷикистон вориди Душанбе шуда буд.

Вай гуфт, ин сафари ӯ ба Тоҷикистон дар пасманзари боздидаш аз се минтақаи Афғонистон - Қундуз, Қандаҳор ва Кобул сурат мегирад, ки дар ин минтақаҳо нерӯҳои байналмилалӣ ҳузур доранд.

Питер Де Крим, ки сӯҳбати кӯтоҳе бо хабарнигорон дошт афзуд, Тоҷикистон то кунун инфрасохтор ва лавозимоти фурудгоҳи шаҳри Душанберо дар ихтиёри нерӯҳои байналмилалӣ гузоштааст.

“Ин инфрасохторе, ки дар ихтиёри мо гузошта шудааст, хеле муҳим мебошад”, илова кард ӯ.

Дар ин сафараш ба Душанбе, ҷаноби Питер Де Кримро сафири Амрико дар Белгия ҳамроҳӣ мекард.

Замоне, ки вазири дифоъи Белгия аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон берун омад, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, низ ҳамроҳи ӯ буд.

Истиқбол аз ҳамкориҳои ду кишвар

Питер Де Крим, вазири дифоъи Белгия, аз ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону кишвараш истиқбол кард ва гуфт, ки Белгия барои поксозии марзҳои Тоҷикистон аз минаҳо, пешниҳодҳои худро ба сафорати Тоҷикистон дар Брюссел ироа кардааст.

Ин сафари нахустини раҳбарони боломақоми Белгия ба Тоҷикистон набудааст.

Қабл аз ин, дар моҳи майи соли гузашта нахуствазири шоҳигарии Белгия - Ҳерман ван Ромпей, ки ҳоло президенти шӯрои Иттиҳоди Аврупо мебошад, бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада буд.

Ҳамчунин дар оғози соли 2009, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи сафараш ба Иттиҳоди Аврупо, бо шоҳи Белгия ва нахуствазири он дидору мулоқот карда, баҳсҳои миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои ин минтақаро баҳс карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG