Пайвандҳои дастрасӣ

Худрави шахсии ваколатдори бахши ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Мурғоб Маҳкам Лашкарбеков аз ҷониби ашхоси номаълум тарконида шудааст. Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилаи Мурғоб Муллоев бо таъиди ин хабар гуфт, ки ҳодиса субҳи рӯзи 15-уми октябр рух додааст.

Вай афзуд, ки автомашинаи ваколатдори шӯъбаи корҳои дохила, ҳини рух додани ҳодиса дар назди манзили истиқоматияш қарор доштаааст

Ҷаноби Муллоев гуфт, бар асари таркиш касе осеб надидааст, вале автомашина хароб ва аз зарби таркиш шишаҳои манзилҳои наздик ба ҷои воқеъа фурӯ рехтаанд.

Гуфта мешавад ин ҳодиса шояд ба фаъолияти касбии ҷаноби Лашкарбеков рабт дошта бошад.

Ба гуфтаи навбатдори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Мурғоб, дар ҳоли ҳозир дар мавриди ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG