Пайвандҳои дастрасӣ

Саид Ҷалилӣ, дабири шӯрои олии амнияти миллии ҷумҳурии исломии Эрон ва музокиракунандаи атомии ин кишвар, аз пешниҳоди намояндаи 5+1 барои оғози гуфтугӯҳо истиқбол кард ва онро танҳо гузинаи муносиб хонд.

Гуфтугӯ -- беҳтарин гузина

Ба гузориши хабаргузории расмии Эрон, оқои Ҷалилӣ рӯзи ҷумъа гуфт: "Мо на танҳо аз гуфтугӯ истиқбол мекунем, ки ҳамеша гуфтаем, балки гуфтугӯ беҳтарин роҳ ва гузинаи муносиб барои 5+1 дар баробари Эрон аст."

Оқои Ҷалилӣ афзуд : "Ба ҳар ҳол, ҳар гузинае ба ҷуз эътироф ба ҳуқуқ ва зарфиятҳои ҷумҳури исломии Эрон ва гуфтугӯ, барои онон(5+1) бефарҷом хоҳад буд."

Катерина Эштон, раиси идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ки намояндагии кишварҳои панҷ ба иловаи якро дар гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон дорад, рӯзи панҷшанбе пешниҳод кард, то даври баъдии музокироти атомӣ бо Эрон моҳи ноябр дар Вена аз сар гирифта шавад. Сухангӯи хонум Эштон эълом кард, ин пешниҳод матраҳ шудааст, ки гуфтугӯҳо бо Эрон дар миёнаҳои моҳи ноябр дар пойтахти Австрия баргузор шавад.

Раиси идораи сиёсати хориҷии ИА ба намояндагӣ аз кишварҳои мавсум ба панҷ ба иловаи як - Амрико, Фаронса, Бритония, Чин, Русия ба ҳамроҳи Олмон - масъулияти музокира дар парвандаи атомии Эронро ба ӯҳда дорад. Пеш аз ӯ Хавйер Солана, раиси қаблии сиёсати хориҷии ИА гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эронро бар ӯҳда дошт.

Сухангӯи хонум Эштон гуфт: "Бо таваҷҷуҳ ба нишонаҳои мусбате, ки аз Эрон дида шудааст, пешниҳоди гуфтугӯҳо матраҳ мешавад."

Эрон хостори гуфтугӯҳо бар пояи мантиқ аст

Дабири шӯрои олии амнияти милли Эрон ҳам таъкид кард, ки ин мавзӯъро пештар дар номае ки ба хонум Эштон навишта буд, матраҳ карда аст.

Оқои Ҷалилӣ гуфт: “Мо дар номае, ки барои хонум Эштон фиристодем, гуфтем баҳсҳое мисли роҳбурди ду роҳа (таҳримҳо ва дар баробари он дипломатия) ғалат ва бефарҷом аст ва аз онҳо хоста будем, ки ҷои пешниҳодҳои бенатиҷа, ба гуфтугӯ бар пояи мантиқ баргарданд”.

Вай афзуд : ”Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси номае, ки барои хонум Эштон фиристодааст, аз бозгашти онҳо ба гуфтугӯ ва раҳо кардани гузинаҳои бефарҷом истиқбол мекунад.”

Охирин гуфтугӯҳои миёни Эрон ва намояндагони кишварҳои 5+1 дар моҳи октябри соли 2009 дар Женева баргузор шуда буд ва он замон ба баъд гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон мутаваққиф мондааст.

Кишварҳои ғарбӣ, ки Эронро ба талош барои дастёбӣ ба тавонои сохти ҷангафзорҳои ҳастаӣ муттаҳам мекунанд, умедворанд аз тариқи ин гуфтугӯҳо битавонанд Теҳронро аз бунбол кардани ҷоҳталабиҳои ҳастаиаш боздоранд.

Ин дар ҳоле аст, ки Теҳрон ҳадаф аз барномаи ҳастаии худро тавлиди барқ ва соири истифодаҳои сулҳомез эълом карда ва аз тан додан ба дархостҳои шӯрои амнияти СММ барои мутаваққиф сохтани фаъолиятҳои ҳастаии ҳассоси худ сар боз задааст

Дар моҳи июни соли ҷорӣ, Шӯрои Амнияти СММ таҳримҳои тозаеро алайҳи Эрон тасвиб кард ва афзун бар он, ИМА ва ИА низ таҳримҳои якҷонибаи дигаре алайҳи Эрон вазъ кардаанд, ки доманаи он ба маротиб фаротар аз таҳримҳои Шӯрои Амният аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG