Пайвандҳои дастрасӣ

Маъмурияти Барак Обама сиёсати худ дар мавриди Афғонистонро тағйир дода, талош дорад аз роҳи созиш бо Толибон ба ҷанг дар ин кишвар хотима гузорад. Таҳаввулоти ахир аз тағйироти ҷиддии мавқеи Вашингтон далолат мекунад, ки дар гузашта гуфта буд, барои сари мизи гуфтушунид овардани намояндаҳои гурӯҳҳои ҷангиён ҳанӯз барвақт аст.

Ахиран нашрияҳои ғарбӣ аз қавли НАТО хабар доданд, ки нирӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон талош доранд, барои ташкили музокираҳои сулҳи миёни ҳукумати Ҳомиди Карзай ва раҳбарони Толибон шароит фароҳам оваранд.

Рӯзи ҷумъа дар Лондон фармондеҳи нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон генерал Дейвид Петреус гуфт, чанде пеш бархе раҳбарони баландпояи Толибон дар муроҷиат ба ҳукумати Афғонистон ва ҳатто чанд кишвари дигари эътилофӣ гуфтугӯҳое анҷом доданд, ки аз онҳо мешавад чун оғози кор ёд кард.

Ҷустуҷӯи роҳи созиш

Дар ҷустуҷӯи роҳҳали созандае барои хатми хушунатҳо дар Афғонистон маъмурияти раисиҷумҳур Барак Обама гардиши ҷиддие кард, ки он ҳам ба музокираҳо даъват кардани раҳбарони Толибон мебошад. Дар бораи тағйир хӯрдани сиёсати Вашингтон дар Афғонистон баъди он маълум шуд, ки ба хабарнигорон дар бораи фароҳам омадани долони боамни гуфтугӯҳои Толибон ва ҳукумати Ҳомиди Карзай дар Кобул ошкор шуд.

Таҳаввулоти ахир бо изҳороти гузаштаи вазири дифои Амрико Роберт Гейтс, ки гуфта буд, “ҳанӯз фурсати гуфтугӯҳои баландпоя бо Толибон нарасидааст”, комилан муғоират мекунад. Рӯзи панҷшанбе дар нишасти НАТО дар Брюссел Гейтс гуфт, ки ҳоло авлавиятҳо дигар шудаанд:

“Мо ҳамеша дарк мекардем, ки сулҳу оштӣ бояд оқибат роҳи ҳалли ниҳоӣ дар Афғонистон шавад, аз ин рӯ, барои пуштибонии ин ҷараёнҳо ҳама талошамонро ба харҷ додем”.

Бо зикри ин Гейтс инчунин эътироф кард, ки воқеан ҳам ИМА аз наздик вориди гуфтугӯҳои ҳукумати Карзай бо Толибон мебошад.

“Мо аз наздик бо президент Карзай ва ҳукумати Афғонистон машваратҳо барпо мекунем, аз ин рӯ дар бораи корҳои онҳо хабар дорем. Онҳо дар ҷараёни корҳои мо ҳастанд. Онҳо медонанд, ки тақозоҳои мо кадом аст”.

" Толибон ба ҳаёти мулкӣ бармегарданд"

Гуфта мешавад, ки дар паи шурӯи музокираҳо дар чаҳор моҳи охир ҳамлаҳои ҳавоии НАТО зидди Толибон ва шӯришиён шадидан афзоиш ёфтааст. "The New York Times" дар нақли қавл аз мақомоти нирӯҳои ҳавоии ИМА навишт, ки пилотҳои амрикоӣ ба мавқеъҳои Толибон дар давоми моҳҳои июн то сентябр 2100 бомба партоб кардаанд, ки ин 50 дар сад бештар назар ба ҳамин марҳилаи соли гузашта будааст.

Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, ки бисёре аз ҷангиёни Толибон майдонҳои ҷангро тарк карда ба ҳаёти мулкӣ бармегарданд. Клинтон гуфт:

“Ҳамоиши ҷангиён афзоиш меёбад. Ҷангиёни хеле зиёд роҳи берун рафтанро андеша мекунанд. Бисёре аз онҳо замоне аз ҷониби Толибон ба кор қабул ва бархе ба хотири набуди роҳи дигари зиндагӣ ба шӯришӣ табдил шуданд. Гузоришҳои мо ҳокист, ки бисёре аз онҳо ҳоло майдонҳои ҷангро тарк мекунанд”.

Талошҳои Раббонӣ барои сулҳ


Бурҳониддини Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон
Пуштибонии ҳамаҷонибаи амрикоиҳо аз музокираҳо бо Толибон дар ҳоле ошкор шуд, ки раҳбари шӯрои олии тозатаъсиси сулҳ, раиси ҷумҳурии пешин Бурҳониддини Раббонӣ гуфт, тарҳи созиши аввалия бо баъзе аъзои Толибон аллакай таҳия шуда буд, ки дар охирин лаҳза бо сабаби “мудохилаи номаълуми хориҷӣ” масдуд шуд. Оқои Раббонӣ афзуд:

“Дар нишасти Туркманистон, ки раёсати ҳайати оғози Қонунӣ, раиси шӯрои миллии феълӣ ба ӯҳда дошт, мо ба файсалаҳое ҳам расидем. Монда буд, ки имзо сурат бигирад, ки мудохилоте аз берун сурат гирифт ва ҳайате, ки дар он вақт вазири хориҷаи вақти Толибон оқои Мутаваккил буд, онҳо билохира ин мавзӯъро ба таъвиқ андохтанд”.

Оқои Раббонӣ дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки ҷангиҳои баландпояи Толибон ҳоло омода ҳастанд вориди музокирот шаванд. Вай гуфт, бовар дорад, ки дар миёни Толибон нафароне пайдо мешаванд, ки бо пайёми омодагӣ ба гуфтугӯ мехоҳанд вориди гуфтушунидҳо шаванд.

Рӯзи ҷумъа дар Бруссел вазири хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ гуфт, ки кишвари вай омода аст дар музокироти сулҳ кӯмак расонад. Хабарнигори радиои Озодӣ Абӯбакр Сиддиқӣ, ки ҳоло дар Афғонистон аст, мегӯяд, гардише дар сиёсати Амрико ба самти роҳандозии музокираҳо бо ширкати ҳама тарафҳо дар дохили Афғонистон хуш пазируфта шудааст. Чунки ҳама дарк мекунанд, ки ҷангҳоро намешавад бо роҳи низомӣ хотима дод.

Вай мегӯяд, изҳороти батакрори ахири Барак Обама дар бораи он ки Амрико хостори Афғонистони босубот ва берун шудани нирӯҳо аз ин кишвар мебошад, бори дигар ба зарурати оштӣ дорондани ҷонибҳои даргир таъкид мекунад, ки бидуни ин пеши роҳи хушунатҳоро гирифтан имконнопазир аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG