Пайвандҳои дастрасӣ

3 пизишки ҷарроҳ дар Украина боздошт шудаанд


Се нафар аз пизишкони Украина дар Киев дар робита бо қочоқи инсон ва насби ғайриқонунии узвҳои бадан боздошт шудаанд. Дафтари матбуотии вазорати дохилаи Украина гуфтааст, ин се пизишкро ба эҳтимоли одамрубоӣ дар солҳои 1990-ӯм боздошт кардаанд. Онҳо узви гурӯҳе дар як кишвари ҷанубии шӯравии собиқ будаанд, ки дар он ҷо узвҳои дарунии одамон рабуда ва дар бадани одамони сарватманд насб мешудааст. Масалан, бозрасон гуфтаанд, ин пизишкон барои насби гурдаи солим аз муштарии худ то 200 000 доллар мегирифтаанд. Шумораи қурбониёни онҳо ба 30 нафар мерасад. Қурбониён шаҳрвандони Украинаву Молдова ва Узбакистон будаанд.
XS
SM
MD
LG