Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъруфи Одина, имомхатиби масҷиди ба номи Имом Бухории ноҳияи Ваҳдат, иддао дорад, ки кормандони пулиси шаҳри Душанбе ӯро барои доштани риш боздошт намуда, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурдаанд ва мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Маъруфи Одина пас аз раҳо шудан аз милисахона ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони умури дохила ҳини боздошт аз ӯ пурсидаанд, ки чаро риш мондааст ва ин риш гузоштан чӣ маъно дорад?

Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди он, ки гуфтааст, имомахатиби масҷид аст, кормандони пулис гуш надодаанд ва ӯро барои гирифтани маълумоти бештар ба шӯъбаи умури дохила бурдаанд.



Маъруфи Одина хатмкардаи Донишгоҳи исломии ба номи имоми Аъзами пойтахт аст ва дар ҳамаи санаду ҳуҷҷатҳо акси бориш дорад.

Ба қавли Маъруфи Одина, дар зарфи чанд лаҳзае, ки ӯ дар шӯъбаи умури дохила буд, чанд нафари дигари ришдорро овардаанд ва мавриди пурсиш қарор додаанд.

Вале мақомоти вазорати умури дохила ҷой доштани ҳодисаҳои боздошти шаҳрвандон танҳо ба хотири ришро рад мекунанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат, мегӯяд, чунин як амру дастуре содир нашудааст ва кормандони умури дохила танҳо афроди гумонбар ба узвият дар ҷараёни мамнуи Салафияро тафтиш мекунанд.



Аммо имомхатиби масҷиди Имом Бухорӣ Маъруфи Одина мегӯяд, кормандони пулис ҳини боздошт дар мавриди ҷараёни Салафия ё дигар гурӯҳе аз ӯ суол накардаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Одина, аз ӯ танҳо пурсидаанд, ки чаро риш мондааст? Вале ба ин суоли ӯ, ки сабаби аслии боздошт ва бозпурсӣ чист, мақомоти интизомӣ посух надодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG