Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» - пешсафи сабқати Лигаи олӣ


Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии даври 28-уми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон бар тими меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ин бозӣ 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дилшод Восиев дар нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Капитани даста Юсуф Рабиев, нишонзани беҳтарини мусобиқот, дар нимаи дуввум ҳисобро афзун намуд.

Бозии дигар байни дастаҳои «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ва «Хайр» (Ваҳдат) бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Ба голи ҳамлагари меҳмонон Мирзобек Мирзоев (дақиқаи 13-ум) бозигари мизбонон Сӯҳроб Эгамбердиев (дақиқаи 73-юм) ҷавоб гардонд.

«Энергетик» (Душанбе) дар майдони худ «Равшан» (Кӯлоб)-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Шодибек Ғаффоров ва Акмал Авазов ба самар расонданд.

«Хуҷанд» (Хуҷанд) дар майдони худ бозиро ба «Вахш» (Қӯрғонтеппа) бо ҳисоби 1:2 бой дод. Нимаи аввали бозӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 анҷом пазируфт. Голро Ҳусейн Ҷалолов вориди дарвозаи меҳмонон кард. Вале дар нимаи дуввум бозигарои «Вахш» Баҳодур Шарифов ду гол ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб «Истиқлол» бо 62 имтиёз ҷои аввал ва «Регар-ТадАЗ» бо 58 имтиёз ҷои дуввумро касб кардаанд. Ҳарду даста муборизаро барои унвони қаҳрамонӣ идома хоҳанд дод.

Дастаи «Хайр», ки барои медалҳои биринҷӣ талош дорад, бо 41 имтиёз дар зинаи севум қарор гирифтааст. Рақиби аслии «Хайр» - «Вахш», ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 40 имтиёз дар ҷои чаҳорум мебошад.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

24

19

5

0

57-12

62

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода

24

18

4

2

70-14

58

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

25

12

5

8

45-31

41

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

23

11

7

5

29-21

40

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

25

7

9

9

25-39

30

6.

«Энергетик» (Душанбе)

24

8

3

13

31-38

27

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

25

7

6

12

33-43

27

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

25

4

4

17

24-57

16

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

25

1

3

21

16-75

6



Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 23 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 14, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 13, Нӯъмонҷон Ҳакимов («Регар-ТадАЗ/»Вахш») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 11-голӣ.

Бозиҳои даври 29-ум:

20-уми октябр (чоршанбе)
«Хайр» - «Энергетик»
«Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд»

21-уми октябр (панҷшанбе)
«Истиқлол» - «Равшан»
«Вахш»- «Парвоз»
XS
SM
MD
LG