Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Венесуэла нахустин ниругоҳи ҳастаӣ месозад


Имрӯз дар Маскав Русия ва Венесуэла дар бораи эҳдоси нахустин ниругоҳи ҳастаӣ дар Венесуэла қарордод имзо карданд. Ин қарордод баъд аз мулоқоти Ҳуго Чавез-раиси ҷумҳури Венесуэла ва Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия имзо шуд. Арзиши ин қарордод эълон нашудааст. Медведев гуфт, ин қарордод ба Венесуэла кӯмак мекунад, ки сарчашмаҳои нави энержиро равнақ диҳад. Чавез изҳор дошт, ки мехоҳад пойбандии кишвараш ба манобеи нафту газро камтар кунад. Қарор аст Чавез бо Владимир Путин-нахуствазири Русия низ мулоқот анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG