Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фармондеҳони Толибон барои музокира ба Кобул омаданд


Генерал Дэвид Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон имрӯз гуфт, ки нируҳои НАТО шароити интиқоли фармондеҳони аршади Толибонро ба Кобул фароҳам овардаанд, то онҳо дар музокироти сулҳ бо ҳукумат ширкат ҷӯянд. Рӯзи панҷшанбе Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО гуфт, ки паймони мазкур омода аст аз ин музокирот ҳимоят кунад. Роберт Гейтс-вазири дифоъ ва Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико низ изҳор доштанд, ки ҷонибдори музокироти сулҳи миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон ҳастанд. Покистон низ аз ин музокирот ҳимоят кард. Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ-вазири корҳои хориҷаи Покистон имрӯз ин нуктаро дар Брусел изҳор дошт ва гуфт, сулҳу субот дар Афғонистон ба нафъи Покистон низ ҳаст:

"Ин аслан ибтикори Афғонистон аст. Онҳо бояд ташаббусро ба даст бигиранд ва онро раҳбарӣ кунанд. Мо ба онҳо кӯмак мекунем. Суботу сулҳ дар Афғонистон ба нафъи Покисон аст".

Соли ҷорӣ барои нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон фоҷеабортарин сол буд ва дастикам 40 нафар аз ин нируҳо кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG