Пайвандҳои дастрасӣ

Ба дунболи музокироти раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров ва дабири Шӯрои амният Амирқул Азимов бо фармондеҳи собиқи мухолифини ҳукумати Тоҷикистон Мирзохӯҷа Аҳмадов ва таслими аслиҳаи ҷонибдорони ӯ, имрӯз маркази ноҳияи Рашт оромтар ба назар мерасид ва дар чеҳраи мардум хушҳолӣ дида мешуд.

Мирзохӯҷа Аҳмадов дирӯз баъд музокирот бо раиси парлумон ва дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон соатҳои 11-и рӯз аз бинои ҳукумати ноҳияи Рашт берун шуд ва бо мардуми ҷамъомада сӯҳбати кутоҳе кард.

Ӯро дар ин лаҳзаҳо Сайриддин Азизов ва Ҳоҷӣ Қамариддин, аз размандагони пешини Иттиҳоди мухолифин, ҳамроҳӣ мекарданд.

Мирзохӯҷа Аҳмадов танҳо ба як суоли хабарнигорон дар бораи нақшаҳои ояндаи ӯ посух дод ва гуфт, барои оромиш ва сулҳу субот дар минтақа тамоми талошҳои худро анҷом хоҳад дод.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамсар ва модари Мирзохуҷа Аҳмадов низ дар байни издиҳоми мардум будаанд.

Дар посух ба суол дар мавриди афроди боқимондаи гурӯҳи Мирзохуҷа Аҳмадов, Ҳоҷӣ Қамариддин гуфт, ки онҳо ҳама дар офият ба сар мебаранд ва дар миёни онҳо Олим Одилов, собиқ муовини сардори Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳоимуташаккил ва аз наздикони Аҳмадов, ҳам мебошад.

Ҳамзамон шоҳидони айнӣ мегӯянд, Сайхӯҷа Аҳмадов - бародари Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки дар рӯзҳои пас аз ҳамла ба манзили Аҳмадов боздошт гардида буд, озод шудааст. Ҳамроҳ бо ӯ писари Мирзохӯҷа Аҳмадов низ дастгир шуда буд, вале ба далели ноболиғ будан ӯро пас аз бозпурсӣ раҳо кардаанд.

Бархе аз соҳибназарони маҳаллӣ эҳтимол мезананд, ки пас аз амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар дараи Камароб Шоҳ Искандаров, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухолифин, ба симати сардори Шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфта таъин хоҳад шуд. Онҳо мегӯянд, шояд Мирзохӯҷа Аҳмадов ва собиқ кормандони ин шӯъба низ дубора ба кор шурӯъ кунанд.

27 нафар дар Рашт силоҳҳои худро супурдаанд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG