Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ИА барои азсаргирии музокироти ҳастаии Эрон


Катерина Эштон, раиси идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ки намояндагии кишварҳои панҷ ба иловаи якро дар гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон дорад, рӯзи панҷшанбе пешниҳод кард, то даври баъдии музокироти атомӣ бо Эрон моҳи ноябр дар Вена аз сар гирифта шавад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, сухангӯи хонум Эштон эълом кард, ин пешниҳод матраҳ шудааст, ки гуфтугӯҳо бо Эрон дар миёнаҳои моҳи ноябр дар пойтахти Австрия баргузор шавад.

Бозгашт ба мизи музокирот баъд аз як сол

Раиси идораи сиёсати хориҷии ИА ба намояндагӣ аз кишварҳои мавсум ба панҷ ба иловаи як - Амрико, Фаронса, Бритония, Чин, Русия ба ҳамроҳи Олмон - масъулияти музокира дар парвандаи атомии Эронро ба ӯҳда дорад. Пеш аз ӯ Хавйер Солана, раиси қаблии сиёсати хориҷии ИА гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эронро бар ӯҳда дошт.

Сухангӯи хонум Эштон гуфт: «Бо таваҷҷуҳ ба нишонаҳои мусбате, ки аз Эрон дида шудааст, пешниҳоди гуфтугӯҳо матраҳ мешавад. Хонум Эштон ибрози умедворӣ карда аст, ки пешниҳод посухи мусбати оқои Ҷалилиро ба ҳамроҳ дошта бошад ва ин музокирот ба шакли созандае аз моҳи оянда дунбол шавад.»

Саид Ҷалилӣ, дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон музокироти ҳастаиро бо намояндагӣ аз Эрон анҷом медиҳад.

Пештар сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфта буд, Теҳрон таърихе барои азсаргирии музокироти ҳастаӣ эълом кардааст. Ромин Меҳмонпараст гуфта буд, беҳтар аст хонум Эштон "таҳарруки бештаре аз худ нишон диҳад."

Сухангӯи Катерина Эштон қаблан зимни эъломи омодагии ИА барои азсаргирии музокироти ҳастаӣ гуфта буд, то кунун ҳеҷ таърихи расмӣ барои азсаргирии гуфтугуҳои ҳастаӣ миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1 таъин нашудааст ва масъули сиёсати хориҷии ИА низ ҳеҷ номаи расмӣ дар ин маврид дарёфт накардааст. Сухангӯи Эштон гуфта буд : «Мо дар сатҳҳои мухталиефе ба онҳо пешниҳоди мулоқот ва музокира додаем, ки охирин бори он дар Ню-Йорк (дар ҳошияи нишасти маҷмаъи умумии СММ) буд ва омодагии мо барои дидор бо онҳо ҳамчунон побарҷост»

Ин дар ҳоле аст, ки пештар Манучеҳр Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон эълом карда буд, ки охирҳои моҳи октябр ё аввалҳои моҳи ноябр, замони муносибе барои гуфтугӯҳои ҳастаи миёни Теҳрон ва гурӯҳи 5+1 аст.

Нигарониҳо аз барномаи ҳастаии Эрон

Охирин гуфтугӯҳои миёни Эрон ва намояндагони кишварҳои 5+1 дар моҳи октябри соли 2009 дар Женева баргузор шуда буд ва он замон ба баъд гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон мутаваққиф мондааст.

Кишварҳои ғарбӣ, ки Эронро ба талош барои дастёбӣ ба тавонои сохти ҷангафзорҳои ҳастаӣ муттаҳам мекунанд, умедворанд аз тариқи ин гуфтугӯҳо битавонанд Теҳронро аз бунбол кардани ҷоҳталабиҳои ҳастаиаш боздоранд.

Ин дар ҳоле аст, ки Теҳрон ҳадаф аз барномаи ҳастаии худро тавлиди барқ ва соири истифодаҳои сулҳомез эълом карда ва аз тан додан ба дархостҳои шӯрои амнияти СММ барои мутаваққиф сохтани фаъолиятҳои ҳастаии ҳассоси худ сар боз задааст.

Дар моҳи июни соли ҷорӣ, Шӯрои Амнияти СММ таҳримҳои тозаеро алайҳи Эрон тасвиб кард ва афзун бар он, ИМА ва ИА низ таҳримҳои якҷонибаи дигаре алайҳи Эрон вазъ кардаанд, ки доманаи он ба маротиб фаротар аз таҳримҳои Шӯрои Амният аст.
XS
SM
MD
LG