Пайвандҳои дастрасӣ

Бо Эрон даври нави музокирот баргузор мешавад


Вазири корҳои хориҷаи Эрон мегӯяд, кишвараш мехоҳад вижагиҳои санаи музокироти худро роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш бо 6 кишвари нируманди ҷаҳон баррасӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кардааст, ки даври нави музокирот баргузор шавад. Манучеҳр Муттакӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон дар ҷараёни боздидаш аз Брусел гуфт, пешниҳоди Иттиҳодияи Аврупо "хабари хуб аст". Кэтрин Эштон-раиси умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, ки аз ҷониби ин иттиҳодия дар музокирот намояндагӣ мекунад, рӯзи панҷшанбе пешниҳод кард, ки даври нави музокирот дар миёнаи моҳи ноябр дар Вена баргузор шавад. Дар музокирот Британияву Чин, Фаронсаву Русия ва Амрикову Олмон ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG