Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон дар музокира ба ҳукумат ва Толибон кӯмак мекунад


Покистон гуфтааст, ки омода аст ба музокироти сулҳи миёни давлати Афғонистон ва ҷунбиши Толибон кӯмак кунад. Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ-вазири корҳои хориҷаи Покистон имрӯз ин нуктаро дар Брусел изҳор дошт ва гуфт, сулҳу субот дар Афғонистон ба нафъи Покистон низ ҳаст:
"Ин аслан ибтикори Афғонистон аст. Онҳо бояд ташаббусро ба даст бигиранд ва онро раҳбарӣ кунанд. Мо ба онҳо кӯмак мекунем. Суботу сулҳ дар Афғонистон ба нафъи Покисон аст".

Ин суханони Қурейшӣ баъд аз як рӯзи тавзеҳоти мақомоти расмии НАТО ва Амрико садо дод, ки гуфта буданд, аз талошҳои ҳукумати Афғонистон барои оғози музокира бо ҷониби Толибон ҳимоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG