Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олӣ: Ҳукм ба "Парвандаи Тавилдара" одилона аст


Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфтааст, бар зидди 46 нафар ширкаткунандагони "Парвандаи Тавилдара" ҳукми одилона содир шудааст. Додгоҳи Олии Тоҷикистон моҳи август онҳоро ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон кард. Аз ҷумла, Азимбек Бӯриев-қозии додгоҳ ба рӯзноманигорон гуфт, бар зидди фарзандони марҳум Мирзо Зиёев, яъне Саидаҳмади 26-сола ва Муҳаммадризои 23-сола ҳукм одилона аст. Онҳо ҳар ду 30 солӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.
XS
SM
MD
LG