Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ба Тоҷикистон бештар кӯмаки башарӣ кардааст?


Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, дар давоми соли ҷорӣ 46 кишвар ба Тоҷикистон кӯмаки башарӣ кардаанд ва мизони ин кӯмакҳо ба бештар аз 67 миллион доллар баробар аст. Бештар аз 53 дарсади ин кӯмакҳо ба Амрико тааллуқ дорад. Кӯмакҳои Қазоқистон тақрибан 11 дарсад, Дания 7,7 ва Олмон 5,6 дарсадро ташкил додааст. Кӯмакҳои Русия ба 4,6 дарсад баробар аст. Ин маълумотро дар Душанбе Ожонсии омори Тоҷикистон мунташир сохтааст.
XS
SM
MD
LG