Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Салоҳияти президенти Гурҷистон коҳиш меёбад?


Интизор меравад, ки имрӯз намояндагони порламони Гурҷистон баъзе тағирот дар Қонуни Асосии ин кишварро ба тасвиб расонанд. Тибқи ин иловаҳо салоҳияти раиси ҷумҳур коҳиш меёбад ва салоҳияти нахуствазир бештар мешавад. Коршиносон мегӯянд, имкон дорад Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳур дар сари қудрат бимонад, баъд аз он ки даври дуввум ва ниҳоии раёсаташ дар моҳи январи соли 2013 ба поён мерасад. Саакашвилӣ гуфтааст, Қонуни Асосии нав барои шахсиятҳо бурида ва дӯхта намешавад ва ҳадаф аз он дар қудрат боқӣ мондан нест, балки идома додани ислоҳоти қонунӣ дар Гурҷистон аст, ислоҳоте, ки раҳбарияти кунунӣ оғоз кардааст.
XS
SM
MD
LG