Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳашт сарбози хориҷиро дар Афғонистон куштанд


Ҳашт сарбози НАТО дар Афғонистон дар ҳамалоти ситезаҷӯён ҳалок шудаанд. Моҳи равон, нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон 40 сарбоз, аз ҷумла 14 нафарро дар зарфи ду рӯзи гузашта талаф доданд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, афзоиши талафоти нерӯҳо, Барак Обама ва ҳукумати ӯро дар остонаи арзёбии стротежии ҷанг дар Афғонистон дар моҳи декабр таҳти фишор қарор хоҳад дод. Ҳоло як роҳи хотима додан ба ҷанг дар Афғонистонро музокирот бо Толибон медонанд ва дирӯз НАТО ва Амрико гуфтанд, аз талошҳои ҳукумати Ҳомиди Карзай барои оғози музокирот бо Толибон ҳимоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG