Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи боздиди Ҳуго Чавез аз Русия


Ҳуго Чавез, раиси ҷумҳури Венесуэла имрӯз бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳур ва Владимир Путин нахуствазири Русия дар шаҳри Маскав мулоқот мекунад. Ҳадафи боздиди Ҳуго Чавез ба Русияро тақвияти муносиботи дипломатии ду кишвар ва баррасии ҳамкориҳо дар арсаи нерӯи атомӣ, хариди тонкҳои Русия ва таъсиси бонки муштарак будааст. Дар зарфи се соли гузашта Венесуэла аз Русия бо арзиши 5 миллиард доллар аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ харидааст.
XS
SM
MD
LG