Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Аҳмадинажод аз Лубнон хотима ёфт


Сафари Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, дар Лубнон бо суханронии ӯ дар ҷануби ин кишвар дар наздикии марзи Исроил поён ёфт. Ӯ зимни суханронӣ дар рустои Бинт Ҷбейл аз ончӣ ки муқовимати мардуми Лубнон хонд, ситоиш кард ва бо ҳамлаи лафзӣ ба Исроил гуфт, “тамоми дунё медонад, ки саҳюнистҳо нобуд хоҳанд шуд.” Дар ин сафари дурӯза, шиъаёни Лубнон аз Маҳмуди Аҳмадинажод бо гармӣ истиқбол гирифтанд. Эрон ҳомии аслии созмони нерӯманди Ҳизбуллоҳ аст, ки соли 2006 бо Исроил як моҳ ҷангид. Сунниҳо ва масеҳиёни Лубнон нигаронанд, ки Эрон ва Ҳизбуллоҳ бо эъмоли иродаи худ ба кишварашон, Лубнонро бори дигар ба даргирӣ бо Исроил бикашанд.
XS
SM
MD
LG