Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Веблоги "Ақраб" дар Озарбойҷон дастнорас шуд


Мақомоти Озарбойҷон дастрасӣ ба як веблогеро, ки дар он амалкардҳои ҳукумат масхара мешавад, номумкин кардаанд. Манобеъи огоҳ аз ин амр ба бахши озарии Радиои Озодӣ, гуфтаанд, дастрасӣ ба веблоги "www.eqreb.com"-ро шояд ба он хотир номумкин кардаанд, ки шарҳҳои интиқодии истеҳзоомез ва тасвирҳои масхараомези амалкардҳои ҳукумати ин веблог мақомоти расмии Озарбойҷонрро асабонӣ кардааст. Ба гуфтаи муассисони Ақраб, мушкили веблоги онҳо, зоҳиран ба интихоботи порлумонии рӯзи 7 ноябр иртибот мегирад. Вале вазорати иттилоъоти Озарбойҷон гуфтааст, ба ин мушкил ҳеҷ иртиботе надорад.
XS
SM
MD
LG