Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи халъи силоҳ дар ноҳияи Рашт


Дар ноҳияи Рашт халъи силоҳи фармондеҳони собиқ ва ҷонибдорони онҳо шурӯъ шуд. Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон навиштааст, ки аввалин шуда фармондеҳон Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Мулло Садриддин силоҳ ба замин гузошанд. Халъи силоҳ – натиҷаи музокироти намояндагони раисиҷумҳур – раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва Котиби Шӯрои амнияти миллӣ Амирқул Азимов бо фармондеҳони собиқ ба хотири хатми низоъи мусаллаҳона дар ноҳияи Рашт аст, навиштааст ИТАР ТАСС.
Мақомоти Тоҷикистон Мирзохӯҷа Аҳмадов, Абдулло Раҳимов ва Аловуддин Давлатовро дар ҳамла ба корвони мошинҳои низомии вазорати дифоъ айбдор мехонанд. Дар ин ҳодиса, ки 19 -уми сентябри соли соли равон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба вуқӯъ пайваст, 25 афсару сарбоз кушта ва 15 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ва аммо Мирзохӯҷа Аҳмадов даст доштани худ дар ин ҳодисаро қатъӣ рад кард ва ба хотири наҷоти ҷонаш дар кӯҳистон панаҳ бурд.
Ба иттилоъи як мусоҳиби ИТАР-ТАСС, Мирзохӯҷа Аҳмадов дар музокирот дар Рашт эълом доштааст, ки барои миёнҷигарӣ дар гуфтушунид бо афроди мусаллаҳ омода аст, то ки онҳо бо кафолати ҳукумат силоҳ ба замин гузоранд ва ҳамроҳ бо нерӯҳои ҳукуматӣ “ҳама бегонаҳоро аз хоки худ берун карда ба зиндагии осоишта баргарданд”.
XS
SM
MD
LG