Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тан аз мухолифини ҳукумат дар Теҳрон


Яке аз раҳбарони Ҷабҳаи исломии мушорикати Эрон, созмони ахиран дар кишвар мамнӯъшуда, дар Теҳрон боздошт гардид. Ба иттилоъи Радиои Фардо, додситони Теҳрон Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ ҳабси Алии Шакурирод “бо далели таъмини амнияти милли”-ро тасдиқ кард. Ораш Ғафурӣ, узви Ҷабҳаи мушорикат, ки дар ИМА ба сар мебарад, гуфт, Алии Шакурирод рӯзи сешанбе ба додгоҳ даъват шуда буд ва аммо ӯ ба манзил барнагашт ва ҷойи будубошаш низ алҳол маълум нест. Ба гуфтаи Ғафурӣ, Алии Шакуриродро ба хотири навиштани посух ба Додситони Эрон Ғуломҳусейн Муҳсинӣ- Эҷаӣ ба додгоҳ даъват карда буданд.
Муҳсинӣ- Эҷаӣ ҳафтаи гузашта эълом дошт, ки ду ҳизб - Ҷабҳаи исломии мушорикати Эрон ва Муҷоҳидони инқилоби исломӣ аз сӯи додгоҳ мамнӯъ эълон шудаанд ва аз ин баъд наметавонанд, ки фаъолияти сиёсӣ дошта бошанд. Алии Шакурирод дар посух ба Додситони Эрон навишт, ки Ҷабҳаи исломии мушорикати Эрон расман сабти ном шудааст, ҳеҷ гоҳ мавриди бозрасии додгоҳ қарор нагирифтааст ва ҳеҷ кас ҳаққи манъи фаъолияти сиёсии онро надорад.
XS
SM
MD
LG