Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» нахуст дар бораи дастовардҳои паҳлавонони ҷавони тоҷик дар дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо байни наврасону навҷавонон, ки дар шаҳри Тифлис баргузор шуд, иттилоъ медиҳем.

Ду медали паҳлавонони ҷавони тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ

Ин мусобиқа дар пойтахти Гурҷистон бо ширкати беш аз 300 варзишгар аз 28 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Варзишгарони тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 81 килограмм бар рақибонаш аз Қирғизистон, Русия, Узбакистон ва Булғористон дастболо шуда, ба финал баромад. Комроншоҳ дар қувваозмоии ниҳоӣ варзишгари булғор Ивайло Ивановро мағлуб карда, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Деваштичи Убайдӣ дар вазни то 70 килограмм мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар ин барнома сӯҳбате дорем бо падари Комроншоҳ, мураббии варзидаи гуштии самбо Усто Устопиров.

«Истиқлол» - ғолиби давраи севуми сабқати Лигаи олӣ

Сипас дар ин барнома ба мухлисони футбол дар бораи ҷамъбасти давраи севуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ нақл мекунем.

Давраи севуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба анҷом расид. Ин даста дар даври 27-ум бар тими мизбон - ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 5:1 пирӯз шуд.

Капитани дастаи «Истиқлол» Юсуф Рабиев, ки дар ин бозӣ се гол зад, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бо 22 гол дар ҷои аввал қарор дорад.

Инчунин мусоҳибаи мо бо Мирзо Маҳмадҷонов, мутахассиси варзидаи футбол, роҷеъ ба вазъи кунунии футболи тоҷик ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Дар ин барнома, инчунин, шунавандагон бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон ошно мешаванд.

XS
SM
MD
LG