Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи байнулмилалии наврасон оид ба гуштии юнониву румӣ барои Ҷоизаи Карелин, қаҳрамони секаратаи олимпӣ ва нӯҳкаратаи ҷаҳон, бо пирӯзии мизбонон – паҳлавонони ҷавони Русия ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори 19-ум дар шаҳри Томск баргузор шуд, беш аз 230 варзишгар аз 37 минтақаи Русия ва 7 кишвари хориҷӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Сербия, Тоҷикистон, Укроин ва Эстония) ширкат карданд.

Ба дастаи Тоҷикистон се гуштигир шомил буд. Азизбек Шарифзода дар вазни 54 кг то чаҳорякфинал баромад. Вале ду намояндаи дигари Тоҷикистон - Далери Зафар дар вазни 58 кг ва Аббос Икромов дар вазни 85 кг - дар даври аввал аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Дар ин мусобиқа Хусрав Облобердиев, шогирди мактаби гуштии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ки ду соли ахир дар Русия ба сар мебарад, дар вазни то 69 кг ғолиб шуд. Хусрави 16-сола дар ҳайати дастаи мунтахаби вилояти Иркутск ҳунарнамоӣ кард. Ба вай Ҷоизаи Карелинро худи паҳлавони машҳур, Қаҳрамони Русия Александр Карелин тақдим намуд.

Дар ҳамаи 11 вазн, гуштигирони Русия пирӯз шуда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд: Артём Пашенко (42 кг), Темур Катков (46 кг), Александр Сафин (50 кг), Амиргӣ Трихманов (54 кг), Маҷид Боқиҷонов (58 кг), Долган Саликов (63 кг), Хусрав Облобердиев (69 кг), Артём Умаров (76 кг), Алихон Гетогазов (85 кг), Султонбек Умаров (100 кг), Артём Борисенко (120 кг).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG