Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқот бо Мирзохӯҷа Аҳмадов дар шаҳраки Ғарм


Дар ноҳияи Рашт мулоқоти намояндагони ҳукумат бо фармондеҳони собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров баргузор шуд. Хабаргузории “Азия-плюс” бо такя ба як сокини шаҳраки Ғарм навиштааст, ки мулоқот дар маҳзари ом дар купруки даромадгоҳи шаҳрак шурӯъ шуд ва сипас ҷонибҳо музокиротро дар бинои Хонаи фарҳанг идома доданд. Ба иттилоъи “Азия-плюс” дар музокирот раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ширкат дошт. Хабаргузорӣ аз нақли мусоҳибаш навиштааст, ки “Шоҳ Искандаров рӯзҳои ахир дар шаҳрак зиёд пайдо мешуд ва маҳз ӯ Аҳмадовро барои ба замин гузоштани силоҳ бар ивази афви комил мутмаин сохтааст”. Гуфта мешавад, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов дар нимаи дуввуми рӯз аз бинои Хонаи фарҳанг берун шуд ва бо мардуми маҳаллӣ мулоқот кард.
Кормандони масъули вазорати дифоъ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ хабари мулоқот бо Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаровро тасдиқ карданд.
Мақомоти Тоҷикистон Мирзохӯҷа Аҳмадов, Абдулло Раҳимов ва Аловуддин Давлатовро дар ҳамла ба корвони мошинҳои низомии вазорати дифоъ айбдор мехонанд. Дар ин ҳодиса, ки 19 -уми сентябри соли соли равон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба вуқӯъ пайваст, 26 афсару сарбоз кушта ва 15 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG