Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

С.Сафаров: "Гурӯҳҳои шӯришӣ дар Рашт аз хориҷ кӯмак мегиранд"


Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

Гурӯҳҳои шӯришии фаъол дар водии Рашт ғолибан аз хориҷ кӯмак мегиранд. Ин нуктаро Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази таҳқиқоти стротегӣ рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии ин ниҳоди таҳқиқотии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон баён кард.

Оқои Сафаров ҳарчанд имкони ҳузури теъдоди зиёди хориҷиён дар миёни гурӯҳҳои даргир бо ҳукумат дар водии Раштро рад кард, вале гуфт, вуҷуди маблағҳои кофӣ барои харидории силоҳу муҳимот гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо дар хориҷ манобеъи таъмини молӣ доранд.

« Ҳамон гурӯҳҳое, ки яроқ гирифтаанд ҳеҷ гоҳ пул барои харидани яроқро надоранд Ва агар ин яроқҳои пинҳонкардаи онҳо аз замони ҷанги шаҳрвандӣ набошад пас ёрдам аз берун гирифта шудааст. Вале мо дақиқан гуфта наметавонем, ки ин кӯмакро кадом давлат ё гурӯҳ расондааст.»

Сайфулло Сафаров аз бурдани номи кадом кишвари мушаххаси дахил дар нооромиҳои Рашт худдорӣ кард.

Дасти кишварҳои мухолифи тарҳи Роғун?

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар нооромиҳои ахир дар Рашт дасти кишварҳои хориҷиро мебинад. Барои мисол Ғолия Рабиева, вакили порлумон гуфтааст, ки дар ин даргириҳо шояд кишварҳои мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун даст дорад. Амирқул Азимов, дабири Шӯрои Амният ҳам қабл аз сафараш ба водии Рашт ба хабаргузориҳо гуфта буд, дар бораи вуҷуди нақши доираҳои хориҷӣ дар ҳаводиси ахири Раштъ иттилооте дар даст доранд, ки дар сурати идомаи дахолати он доираҳо ё кишварҳо ҳатман нашр хоҳад шуд.

Аммо оё чунин душманҷӯӣ дар хориҷ хоси тақрибан ҳама кишварҳои пасошӯравӣ нест, ки мехоҳанд решаҳои дохилии низоъҳоии бархостаро ба ин васила сарпӯш кунанд?

Абдунабӣ Сатторзода, таҳлилгари маркази таҳқиқоти стротегӣ дар посух ба ин суол гуфт: «Мутаасифона ҳамин тавр аст. Ғолибан ҷое, ки низоъ дар дохил шурӯъ мешавад, ба ҷои таҳлили сабабҳои ин низоъ ва бардоштани қадам дар роҳи раъфи ин низоъ мутаасифона мо душмани хориҷӣ меҷӯем. Вале дар шароити феълӣ мо наметвонем инкор кунем, ки дар ин нооромиҳо дасти кишварҳои хориҷӣ нест. Ба ин далел, ки мақомоти давлатӣ мегӯянд, ки дар даст асноди маҳкам доранд.»

Бо ин ҳол, таҳлилгарони ин ниҳоди таҳқиқотии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ба ноором кардани авзоъ дар ин кишвар манфиатдор будани кишварҳое, чун Русия ё Узбакистонро баъид медонанд. Ба бовари онҳо, бад шудани вазъ дар Тоҷикистон ба амнияти кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла худи Узбакистон бетаъсир нахоҳад монд.

Масъалаи дигаре, ки дар нишасти хабарии Маркази таҳқиқоти стротегӣ матраҳ шуд, пешниҳоди афв ба ҷангиён буд. Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода ахиран изҳор дошт, ки дастуре бо чунин мазмун аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон содир ва тавассути пайвандони ҷангиён ба онҳо ироа шудааст. Як ҳадафи аслии сафари раиси парлумон Шукурҷон Зуҳуров ба водии Рашт бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи ширкати ӯ дар ҳама давраҳои музокироти солҳои 90 байни ҳукумат ва мухолифин низ ташвиқи ҳамин роҳкори сулҳ ном бурда мешавад.

Президент роҳи афвро пеш гирифтааст

Абдунабӣ Сатторзода, аз коршиносони Маркази таҳқиқоти стротегӣ гуфт, ин иқдомот ҳокист, ки дар ҳоли ҳозир президенти Тоҷикистон дар роҳи берунрафт аз ин нооромиҳо роҳи афвро пеша кардааст. Аммо ҷаноби Сатторзода баид медонад, ки ин иқдом натиҷа диҳад:

« Тавре ки дар халқ мегӯянд кор аз кор гузашта аст. Замоне, ки гуфтугӯҳо оғоз шуда буданд бо Мирзохуҷа Аҳмадов, мутаасифона он музокира ва гуфтугӣ ба поён нарасид натиҷа надод ва ман дар сомонаҳо хондам, ки гуё давлат аз ин пушаймон аст.»

Аммо ба назари таҳлилгарони мустақил, рӯйдодҳои ахири Рашт нуқтаҳои заъфи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро бармало кардааст. Минҷумла нуқоти заъфи маркази таҳқиқоти стротегиро ҳам, ки як вазифааш таҳлили авзоъ ва аз пеш ироа кардани роҳҳои ҳалли масоил дар манотиқест, ки метавонад ба манбаъи норизоият аз сиёсатҳои ҳукумат табдил биёбанд.

Таҳлилгари тоҷик Маъсуд Собиров дар ин бора чунин изҳори назар кард. «Як комиссия бояд ташкил шавад Агар ин гурӯҳҳои мусаллаҳ шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд, ба онҳо бояад муросо ва гуфтугӯ кард. Агар зархаридони хориҷӣ бошанд муттаҳид шуда онҳоро нобуд бояд кард. Дар сурати гайр, ин даргириҳо боиси норизоятии бештари мардум хоҳад шуд, ки на ба нафъи давлат аст на мардум»

Бо ин ҳол, ба назари таҳлилгарони маркази таҳқиқоти стротегӣ, хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, ки аз соли оянда шурӯъ хоҳад шуд, метавонад мунҷар ба бадтар шудани вазъ дар ин кишвари ҷангзада шуда, ба амнияти кишварҳои ҳамҷавор бо Афғонистон, аз ҷумла ба амнияти Тоҷикистон таҳдид кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG