Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти мухлисони бадрафтор дар Сербия


Дар Сербия 19 мухлиси футбол баъд аз бозгашт аз Италия боздошт шуданд. Онҳо дар ширкат дар бархӯрд бо кормандони полиси Италия ва бадрафторӣ дар варзишгоҳ, ки мунҷар ба қатъи бозии давраии қаҳрамонии Аврупо миёни дастаҳои Италия ва Сербия дар шаҳри Генуяи Италия гардид, гумонбар мешаванд. Вазири умури дохилии Сербия Ивитса Дачич хабар дод, ки автобусҳо бо мухлисон шаби гузашта дар гузаргоҳи марзӣ нигаҳ дошта ва гумонбарон боздошт шуданд.
Аз ин пеш мақомоти Сербия маҷбур шуда буданд, ки барои бадрафтории мухлисони дастаи мунтахаби кишвар расман узр бихоҳанд.
Рӯзи сешанбе полис аз задухӯрд миёни мухлисони футболи Сербия ва Италия ҷилавгирӣ кард ва аммо идомаи бенизомиҳо дар варзишгоҳ аз сӯи меҳмонони серб боиси қатъ гаштани бозӣ гардид. Бар асари бенизомиҳо 16 нафар маҷрӯҳ шуданд. Полиси Генуя 17 нафар аз авбошонеро, ки дар бетартибиҳо ширкат доштанд, боздошт кард. УЕФА, Федератсиони муттаҳидаи футболи Аврупо, тасмим гирифтааст, ки ин қазияро ҷиддан тафтиш кунад.
XS
SM
MD
LG