Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозгарон аз Акропол берун карда шуданд


Дар Афина, пойтахти Юнон, кормандони полис барои парокандасозии амали эътирозӣ дар Акропол аз гази ашковар истифода карданд. Панҷ нафар аз эътирозгарон боздошт шуданд.
Кормандони полис тавассути даромадгоҳи паҳлӯӣ ба Акропол ворид шуданд, зеро даромадгоҳи асосӣ шурӯъ аз дирӯз аз сӯи кормандони вазорати фарҳанг баста шудааст – онҳо ба ин васила аз пардохт нашудани моҳонаашон тайи ду соли ахир эътироз мекунанд. Нерӯҳои вижаи полис баъд аз он вориди Акропол шуданд, ки додгоҳ амали эътирозгаронро ғайриқонунӣ хонд ва эълом дошт, ки онҳо барои тамошои яке аз маъруфтарин ҷойҳои шаҳр аз сӯи сайёҳон монеъа эҷод мекунанд. Акропол яке аз ёдгориҳои беназири бостонии олам маҳсуб мешавад.
Дар Юнон алайҳи барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат, ки бар пояи он масрафот дар бахшҳои буҷавӣ ва иҷтимоӣ бояд коҳиш дода шавад, пайваста намоишҳои эътирозӣ ва коршиканиҳо сурат мегиранд.
XS
SM
MD
LG