Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи ҷашнвораи нахустини хушнависии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, маъруф ба ЭКО дар Душанбе дар ҳолест, ки баҳси бозгашт ба алифбои форсӣ дар Тоҷикистон 20 сол ба ин сӯ идома дорад.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора, ошно кардани мардуми кишвар бо дастовардҳои хушнависӣ ва эҳё кардани ин ҳунари дар 100 соли пеш роиҷ дар ин сарзамин аст:

«Мо мехоҳем, ки меҳру завқи одамон ба ин санъат бедор шавад. Дар қарнҳои пеш, дар кишвари мо ҳамеша хушнависон буданд. Умедворем, ки имрӯз ҳам онҳо пайдо мешаванд»

Хушнависӣ ҳунар аст

Ин ҷашнвора 15 рӯз идома хоҳад кард ва дар осорхонаи Камолуддин Беҳзоди Душанбе ҳудуди 200 нақши дасти хушнависони 6 кишвар — Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Туркия, Қирғизистон ва Покистон ба намоиш гузошта шудаанд. Меҳмонони ҷашнвора намояндагони Кувайт ва Сурия ҳастанд.

Ҳоҷатуллоҳ Аюбӣ, раиси Маркази фарҳангии ЭКО мегӯяд, паҳнои ин созмон сарзамини тамаддунхез буда, яке аз ҳадафҳои ин созмон эҳё ва ба дунё муаррифӣ кардани ҳамин фарҳанг аст:

«Бо тамоми вуҷуд ва бо ишқ дар талошем, ки то гӯшаҳое аз ҳунару фарҳанги ин диёрро ба дунё муаррифӣ кунем. Ҳунару фарҳанги чандинҳазорсоларо ба дунё муаррифӣ кунем. Ҳамаи шумо медонед, мо ҷузъи наводиртамаддунҳо ва наводирфарҳангҳо ҳастем, ки ҳунаре ба номи хушнависӣ дорем. Ҷузъи наводирфарҳангҳое ҳастем, ки навиштан ва нигориш ҷузъи болотарини ҳунарҳои мост. Кишварҳо ва тамаддунҳои дигар, хушнависиро як ҳунар намедонанд. Мо ҳастем, чиниҳо ҳамчунинанд. Ба далели ин, ки навиштан ва китоб дар диёри мо бисёр арзишманд ҳастанд»

Хушнависӣ дар гузашта ҷузъи ҳунаре ба номи хаттотӣ буд. Осори гузаштагони фарҳангу адаб ва сиёсату иқтисод, тиббу дигар соҳоти илм маҳз бо шарофати намояндагони ин ҳунар то ба имрӯз расидаанд. Аммо баъд аз рӯи кор омадани дастгоҳҳои табъу нашр хаттотӣ аз байн рафт, аммо хушнависӣ монд, ки ҳоло дар олами ислом як ҳунари машҳур ва соҳиби бозор маҳсуб мешавад.



Ғулом Ҳусайн Амирхонӣ, хушнависи маъруфи Эрон ва муаллифи зеботарин нусхаи «Девони Ҳофиз» мегӯяд, хаттотӣ нусхабардорӣ кардани як асар ба хотири афзудани теъдод буд, аммо хушнависӣ дар шакли зеботарин манзури хонанда кардани он аст. Вай афзуд, далели бақо ва рушди ин ҳунар ҳам ҳамин аст:

«Хушнависӣ ҷузъи он ҳунарҳоест, ки ҳамроҳи ҳар калима вуҷуди ҳар ҳунармандро сайқал медиҳад, чун як калима то қонуну қоидаву эътидол бирасад, соҳибашро ҳам бо худ мекашонад. Ин вуҷуд ба он таодул ҳам бояд бирасад, ки он ҳунар нақши зебоӣ ва нуфузашро пайдо кунад аз даруни ҳунарманд».

Ҳунари фаромӯшшуда


Коршиносон мегӯянд, хушнависӣ асосан дар он кишварҳои исломӣ рушд кардааст, ки ба алифбои арабиасос китобат мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ин навъи санъат ба он дараҷае набудааст, ки дар кишварҳои дигар ҳаст. Аз ҷумла ба далели аз байн рафтани хатти форсӣ дар аҳди Шӯравӣ ва рӯи кор омадани ҳуруфи кирилик дар Тоҷикистон.

Мирзомуҳиддин Ҳақбердиев, як хушнависи тоҷик мегӯяд, 10 сол мешавад, ки дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон фаъолият дорад:
«Корҳои эҷодии ман асосан ба талаботи имрӯза бастагӣ доранд. Ман ҳам мусаввир ҳастам, ҳам хаттот. Кишвари мо чиро тақозо мекунад, ҳамонро иҷро мекунем. Масалан, дар маъракаҳои «Об барои ҳаёт» чанд асар эҷод кардем. Барои нерӯгоҳи Роғун асар навиштаем. Ҳамчунин шаш-ҳафт намуди атласи тоҷикиро эҷод кардаем, ки намунаҳояшон ҳаст»

Хушнависони тоҷик мегӯянд, дар ҳоли ҳозир таваҷҷӯҳ ҳам аз сӯи ҳукумат ва ҳам аз сӯи ҷомиа ба ҳунари хушнависӣ нест.
Раҳмон Раҷабӣ, яке дигар аз хушнависони тоҷик мегӯяд, дар ҳамчунин озмуни хушнависон, ки аз сӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2009 роҳандозӣ шуд, ҷои аввалро гирифт, аммо мушкили умда бозор надоштани ин санъат дар Тоҷикистон аст:
«Вақте бозор нест, кӣ инро даст занад? Ман аз соли 1999 то 2009 қалам ба даст нагирифта будам. Вақте бозор несту ҳукумат таблиғи зидди хати форсиро пеш гирифта, гуфтааст, ки ҳар кас иддаои инро мекунад, омили дасти хориҷист, мо чӣ гуфта метавонем? Ҳукуматҳо мераванду меоянд. Аммо санъат абадият дорад»

Оқои Раҷабӣ мегӯяд, хушнависӣ ба дини ислом рабт надорад, балки ҳунар аст ва дар тарбияи насли наврас ва шуури миллӣ нақши бузург мебозад. Дар ҳар сурат, дар Тоҷикистон хушнависҳо то ҳол боқӣ мондаанд, аммо ба далели набуди марказҳои хушнависӣ пароканда шудаанд.

Роҳи рушд бозгашт ба хатти форсӣ аст

Таърихшинос Сайфулло Муллоҷонов мегӯяд, танҳо роҳи рушди ин санъат бозгашт ба хати форсӣ дар Тоҷикистон аст:
«Хушнависӣ авҷи рушди як хат аст. Дар ҳоле ки худи хат нест, хушнависӣ имкон надорад. Хат бояд аз кӯдакистон то донишгоҳ ва дар зиндагии рӯзмарра зинда бошад, ки ин рушдро дошта бошад. Бубинед, дар ин намоишгоҳ ҳам тақрибан 90 дарсад тамошобинон аз хати форсӣ хабар доранд ва зебоии ин санъатро дарк мекунанд, лаззат мебаранд».

Фарид Алалӣ, раҳбари маркази санъати исломии Масҷиди марказии Кувайт мегӯяд, кишвараш омода аст барои рушди хушнависӣ дар Тоҷикистон як марказ эҷод кунад:

«Аз ҳама муҳим барои мо ин аст, ки дар ин марказ атфол бо омӯзиш фаро гирифта шаванд. Мо 6 китоб барои онҳо дорем, ки онҳо метавонанд истифода баранд. Онҳо метавонанд бо ҳарфу нигораҳои бозӣ кунанд, ки як таҷрибаи нав аст. Мо метавонем нишастҳои омӯзишӣ барои онҳо ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи Кувайт созмон диҳем, зеро барои атфол чӣ тавр навиштан хеле муҳим аст»

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон метавонад аз шеваи бархӯрди Туркия ва Ӯзбакистон ба хушнависӣ баҳра бардорад, ки бо вуҷуди истифодаи алифбои лотинӣ дар ин кишварҳо ин ҳунар ҳамчун санъати миллӣ рушд мекунад.
XS
SM
MD
LG