Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози "Қирғизистони воҳид" ба натоиҷи интихобот


Дар шаҳри Ӯш, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, тақрибан ҳазор тан аз ҷонибдорони ҳизби “Қирғизистони воҳид”аз натоиҷи расмии интихоботи парлумонии рӯзи 10 октябр изҳори норозигӣ карданд. Эътирозгарон ҳушдор доданд, ки агар ҳизбаш соҳиби курсиҳои парлумон нашавад, онҳо сӯи пойтахти кишвар раҳпаймоӣ хоҳанд кард.
Аз ин пеш ҷонибдорони ин ҳизби ноком дар интихобот шоҳроҳи Бишкек-Ӯшро баста буданд. Раҳбари ҳизби “Қирғизистони воҳид” – раиси пешини парлумон ва дабири пешини Шӯрои амнияти кишвар Адахон Мадумаров ҷонибдоронашро барои оромиву хештандорӣ даъват намуд.
Комиссиюни арказии интихоботи Қирғизистон шумориши такрории раъйҳо дар қитъаҳои баҳсбарангезро рад кард, зеро, ба гуфтаи масъулини комиссиюн, айни ҳол фақат натоиҷи пешакии интихобот эълон шудаанд.
XS
SM
MD
LG