Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳори назари нахуствазири Ҷопон дар бораи Лю Сяобо


Наото Кан, нахуствазири Ҷопон, изҳор намуд, ки беҳтар мебуд агар Чин дигарандеш ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли равон Лю Сяоборо аз маҳбас раҳо мекард. Ҳамзамон Наото Кан аз даъвати рӯшод барои раҳоии Сяобо, ки хостори ислоҳоти сиёсӣ дар Чин шудааст ва аммо Пекин ӯро “ҷинояткор” мехонад, худдорӣ намуд.
Равобити миёни Чин ва Ҷопон дар чанд рӯзи ахир андаке беҳбуд ёфт. Ахиран ҳайатҳои ду кишвар дар Брюссел музокирот ба хотири рафъи мушкилот дар равобити дуҷонибаро шурӯъ намуданд. Равобити миёни Пекин ва Токио баъд аз он ба сардӣ гароида буд, ки рӯзи 7 сентябр марзбонҳои Ҷопон киштии моҳигирии Чинро баъди бархӯрдаш бо ду қаиқи ҷопонӣ дар наздикии як ҷазираи боиси баҳси ду кишвар боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG