Пайвандҳои дастрасӣ

Полис мехоҳад Акрополро аз эътирозгарон пок кунад


Дар Афина, пойтахти Юнон, кормандони полис тавассути даромадгоҳи паҳлӯӣ ба Акропол ворид шуданд. Даромадгоҳи асосӣ шурӯъ аз дирӯз аз сӯи кормандони вазорати фарҳанг баста шудааст – онҳо ба ин васила аз пардохт нашудани моҳонаашон тайи ду соли ахир эътироз мекунанд. Нерӯҳои вижаи полис баъд аз он вориди Акропол шуданд, ки додгоҳ амали эътирозгаронро ғайриқонунӣ хонд ва эълом дошт, ки онҳо барои тамошои яке аз маъруфтарин ҷойҳои шаҳр аз сӯи сайёҳон монеъа эҷод мекунанд.
Дар Юнон алайҳи барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат, ки бар пояи он масрафот дар бахшҳои буҷавӣ ва иҷтимоӣ бояд коҳиш дода шавад, пайваста намоишҳои эътирозӣ ва коршиканиҳо сурат мегиранд.
XS
SM
MD
LG