Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гумонбари даргириҳои Тавилдара


Маҳмадулло Асаддуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як гумонбар дар воқеъаҳои тобистони соли гузашта дар ноҳияи Тавилдара, ки мунҷар ба кушта шудани фармондеҳи мухолифони собиқ Мирзо Зиёев шуд, хабар додааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Асадуллоев, дар натиҷаи ҷустуҷӯи бахши фаврии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Раҳмиддин Муҳиддинов, мутаваллиди соли 1957, зодаи деҳаи Навободи ҷамоати Нушори ноҳияи Тоҷикобод барои ҳамдастӣ бо маҳкумшудаи дигар Ҷумъа Иброҳимов, мутаввалиди соли 1960, зодаи ноҳияи Тоҷикобод ва муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дастгир шудааст.

Сухангӯи вазорати дохила афзуд, ки ин афрод ба мақсади шомил шудан ба гурӯҳҳои даҳшатафкани фаромиллӣ, дар тобистон соли гузашта се шаҳрванди доғистонитабори Русияро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол намуда, онҳоро дар хонаҳои худ ҷой дода ва сипас ба таври махфиёна ба ноҳияи Тавилдара интиқол додаанд.

Ин афрод ба гурӯҳи ҷангандаҳои Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов пайваста, ба гуфтаи мақомот, дар пайи сарнагун кардани ҳокимияти қонунии Тоҷикистон будаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Асадуллоев, нисбат ба Раҳмиддин Муҳиддинов парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.

Сухангӯи вазорати умури дохила дар иртибот ба вазъ дар ноҳияи Рашт гуфт, ки таъқиби силоҳбадастони гурӯҳҳои Мирзохуҷа Аҳмадов, Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло идома дорад ва вазъ дар ин ҷо ором буда, мардуми ин минтақа ба ҳаёти осоишта идома медиҳанд.

Вай афзуд, ки охирин задухурди нерӯҳои вазорати умури дохила бо силоҳбадастон дар чанд рӯзи қабл сурат гирифта аст, ки дар натиҷаи он сардори дастаи махсуси ин вазорат дар вилояти Хатлон Зоиршо Қаландаров ва ду нафар аз аъзоёни ин даста ва шаш силоҳбадаст кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG