Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мандати нерӯҳои НАТО дар Афғонистон тамдид шуд


Шӯрои Амнияти СММ мандати нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО дар Афғонистонро барои як соли дигар – то моҳи октябри соли 2011 тамдид кард. Ҳамзамон кишварҳои узви Шӯрои Амният аз фаъолшавии мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон”, шабакаи “Ал-Қоида” ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро изҳори нигаронӣ карданд. Дар нишаст муҳим будани кумаки хориҷӣ ба ҳукумати Афғонистон дар омода намудани кормандони хадамоти амнияти миллӣ ва артиши кишвар таъкид шуд.
Айни ҳол дар Афғонистон 143 ҳазор афсару сарбози кишварҳои узви Эътилофи байнулмилалӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG