Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони бархе аз нашрияҳои мустақили пойтахт ва созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон бо ирсоли як номаи муштарак аз Саидмурод Фаттоев, мушовири давлатии раисиҷумҳур, хостори мулоқоти чашм ба чашм ва баррасии масоили расонаҳои кишвар шудаанд.

Мухтор Боқизода, раиси Созмони дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва яке аз муаллифони ин нома, мегӯяд, онҳо якчанд масъалаи аслии расонаҳои мустақил, азҷумла басташавии сомонаҳои интернетӣ, мушкили чопи нашрияҳои мустақил ва нигаронии роҳбарони нашрияҳоро дар нома матраҳ кардаанд.

Ҷаноби Боқизода гуфт, раҳбарияти расонаҳои мустақил аз мушовири давлатии президент хостори мулоқоти рӯбарӯ ва баррасии мушкилоти пешомадаи расонаҳо шудаанд.



Чаро «Фараж» ва «Пайкон» чоп нашуданд?

Ҳафтаномаи мустақили "Пайкон", дуввумин нашрияи хусусии чопи Душанбе аст, ки ин ҳафта ба нашр нарасид ва хонандагонаш аз мутолиаи он маҳрум шуданд. Ҳафтаи гузашта, нашрияи мустақили «Фараж» низ чоп нашуда буд ва бо вуҷуди омодагӣ барои нашри навбатӣ, аз чопхонаи давлатии «Шарқи Озод» расман ҷавоби рад гирифт.

Ба қавли Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж", дар нома қайд карда шудааст, ки бинобар нуқси техникӣ, чопхонаи "Шарқи озод" наметавонад шумораи навбатии "Фараж"-ро ба табъ расонад.

Дар ҳамин ҳол сардабири ҳафтаномаи «Фараж» гуфтааст, ки ба дунболи чоп нашудани ин рӯзнома ӯ 25 нафар аз кормандони эҷодӣ ва техникии худро ба таври муваққат ба рухсатӣ фиристодааст. Вай зикр кардааст, ки то ҳал шудани қазияи чопи ҳафтанома, шакли интернетии онро роҳандозӣ хоҳанд кард.



Ду нашрия дар як ҳафта аз чоп бозмонд

Ҳамин тавр, ба қавли Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, дар зарфи як ҳафта ба даҳони ду нашрияи мустақил дар ҷомеаи Тоҷикистон қулф зада шуд. Зеро масъулони ин нашрияҳо мегӯянд, ки дари кадом чопхона, ҳатто чопхонаҳои мустақилро ҳам, ки куфтем, садо надоданд.

Ҷумъабой Толибов, сардабири "Пайкон", мегӯяд, ки дар ҳафтаи гузашта агар чопхонаи "Шарқи озод" ҳозир нашуд "Пайкон"-ро нашр кунад, вале интишороти «Муаттар» - мутааалиқ ба ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон онро ба чоп расонд. Вале дар як сӯҳбати рӯзи чоршанбе пас як баҳси кӯтоҳ миёни сардабири ин нашрия Ҷумъабой Толибов бо намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ, бо сабабҳои норӯшан имкони чопӣ шумораи навбатӣ дар чопхонаи "Муаттар" ҳам аз даст рафт. Намояндагони ҲНИТ гуфтанд, ки Ҷумъабой Толибов худ ҳозир нашуд бо шароити пешниҳодии нашрияи «Муаттар» ҳафтаномаашро чоп кунад.

Қаблан шумораҳои "Пайкон"-ро чопхонаи "Оила принт" ба нашр мерасонд. Яке аз масъулони ин чопхона Абубакр Ниёзов мегӯяд, ки иллати дар ин чопхона ба нашр нарасидани "Пайкон" камбуди маблағ аст. Ба қавли ӯ, агар масъулони "Пайкон " пули чопи шумораро пардозанд, бидуни ҳеҷ мушкил ин нашрия ба чоп хоҳад расид.

Ҳушдори вазири дифоъ ба нашрияҳо

Аммо ба сурати умум, сабаби аслии пеш омадани ин ҳолатро аксари кулли хабарнигорон ва созмонҳои масоили журналистии Тоҷикистон, баёнияи вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар хабаргузори "Ховар" медонанд, ки вазир дар номаи худ бархе аз ҳафтаномаҳои мустақилро дар пуштибонии маънавӣ аз гурӯҳҳои, ба қавли ӯ, террористии дараи Камароб айбдор кардааст. Пас аз ин баёнияи вазир, рӯи ин ҳафтаномаҳо ангушт гузошта шуд.

13 октябр дар нишасти хабарии додситонии кулли Тоҷикистон як суоли журналистон ба додситони кулл ҳамин мавзӯъ буд. Яъне ба назари додситон кадом ҷониб - вазири дифоъ ҳақ аст ё рӯзноманигорон?

Шерхон Салимзода масъулияти посух ба ин суолро ба дӯши додситони низомӣ Хайрулло Саидов гузошт. Додситони низомӣ гуфт: «Мавқеи вазири дифоъ дар хусуси ин, ки дар ҷараёни амалиётҳо баъзе маълумот аз тарафи васоити ахбори умум ғайривоқеӣ ба нашр расидаанд, асос дорад, гӯё дар ин амалиёт наваскарон ҷалб шудаанд. Дар ҳоле, ки дар онҷо нерӯҳои зудамали ниҳодҳои қудратӣ ва дигар ҷузвутомҳои вазорати умури дохила ва вазорати дифоъ ширкат карда буданд».

Чунин посухи додситони низомӣ эътимоди журналистонро дар мавриди сабаби аслии аз чоп мондани шумораҳои навбатии «Фараж» ва «Пайкон» бастагӣ ба баёнияи вазири дифоъро доштааст, бештар кардааст.

Талоши рӯзноманигорон барои ҳалли мушкил

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, ки дирӯз намояндагони нашрияҳои мустақил дар пойтахт ҷамъ омаданд ва бо навиштани як дархостнома ба унвони Мушовири давлатии президенти Тоҷикистон Саидмурод Фаттоев машварат карданд ва онҳо тақозо доранд, ҷаноби Фаттоев журналистонро қабул кунад ва дар сӯҳбати чашм ба чашм ба ҳарфҳои онҳо гӯш диҳад.

"Ман фикр мекунам, ки чунин бархурд бо «Фараж» ва Пайкон» кӯшиши маҳдудияти озодии баён аст ва мутмаин ҳастем, ки аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ супориш шудааст, ки аз чопи ин нашрияҳо худдорӣ карда шавад. Мо намояндагони васоити ахбори умумӣ Тоҷикистон дар як нишаст ин вазъи пешомадаро баррасӣ кардем ва бо як нома ба унвони мушовири давлатии президент Саидмурод Фатооев муроҷиат мекунем, ки ин масъаларо дар як сӯҳбати ҳузурӣ бо эшон баррасӣ кунем. Ман намедонам, кадоме аз мақомоти давлатӣ даст ба ин амал задааст, вале ин кӯшиш танҳо обрӯи Тоҷикисонро дар миқёси байналмиллӣ мерезонад ва ин як хизмати «хирсона» ба шахси аввали ҷумҳурӣ хоҳад буд».

Аммо як мақоми дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷкистон гуфт, ки аслан дар доираҳои наздик ба раиси ҷумҳур дар мавриди маҳдуд кардан ва ё чоп накардани шумораҳои ҳафтаномаҳо на дастуре, на ҳарфе ва ҳеҷ ишорае ҳам нест.

Дар ҳоли ҳозир, Мухтор Боқизода хабарнигори мустақил бо ҷамъоварии имзоҳои журналистон барои ирсоли нома ба мушовири давлатии президент ҷаноби Фаттоев машғул аст.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз созмонҳои байналмилалии масоили матбуот аз пеш омадани чунин вазъ дар робита ба нашр нашудани ду ҳафтаномаи бонуфузи «Фараж» ва «Пайкон» дар Тоҷикистон изҳори таассуф кардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG