Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарор аст имрӯз, 14-уми октябр дар Русия саршумории аҳолӣ шурӯъ шавад. Ин саршуморӣ то 25-уми октябр давом мекунад ва ҳадаф аз он ҷамъоварии маълумот дар бораи одамонест, ки дар қаламрави ин кишвар ба сар мебаранд.

Бо анҷоми чунин саршуморӣ, маълумот дар бораи қишрҳои ҷомеа, мушаххасоти иқтисодиву иҷтимоии он, миллият ва забони аслии одамон ва маълумоти онҳо дар назар гирифта мешавад.

Тамоюли коҳиши аҳолӣ дар Русия

Ҳамчунин дар саршуморӣ синну сол, оиладор будан ё набудан, шумораи фарзандон, таҳсилот, маҳали зист, шароити зист, манзили зист, кор ва муҳоҷират сабт мешавад.

Омодагӣ ба саршумории аҳолӣ дар ин кишвар аз соли 2007 оғоз ёфта буд. Дар робита бо бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар соли 2008 дар Русия, ба нақша гирифтанд, ки ин саршумории аҳолиро се сол ба таъвиқ андозанд ва соли 2013 баргузор кунанд ва чунин таъхирро ба мушкилоти молӣ иртибот медоданд.

Вале баъдтар Владимир Путин-нахуствазир эълон кард, ки саршумории аҳолӣ дар Русия он гуна, ки пешбинӣ шудааст, дар соли 2010 баргузор мешавад. Баъдтар Путин аз будҷаи Русия барои ин кор 10,5 миллиард рубл ихтисос дод.

Саршумори аҳолӣ дар ин кишвар дар ҳоле анҷом мегирад, ки дар Русия тамоюли коҳиши аҳолӣ ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад ва ин кишвар бо назардошти барномаҳои иқтисодиаш ба нерӯи бештари корӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳоло ҷойҳои холии кориро дар Русия муҳоҷирони корӣ пур кардаанд ва аксари онҳо аз кишварҳои Шӯравии собиқ мебошанд.

Муҳоҷирони тоҷик ва саршумори аҳолӣ

Ва дар миёни онҳо муҳоҷирони кории тоҷик кам нестанд ва бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи онҳо бештар аз як миллион нафарро ташкил медиҳад. Ин нуктаро низ бояд дар назар дошт, ки дар давоми ду соли ахир шумораи хеле зиёди онҳо ба хотири дарёфти имтиёзҳои корӣ, шаҳрвандии Русияро қабул карданд.

Воқеан, чунин равандро дар Тоҷикистон ҳам мушоҳида кардан мумкин аст ва он то ҳол идома дорад. Оё онҳо ҳам тибқи қонунҳои Русия ба саршуморӣ дохил мешаванд?

Дар як сӯҳбати телефонӣ ин суолро аз Боғшоҳи Лашкарбек-раиси ҷамъияти тоҷикон мавсум ба "Нур" дар Маскав пурсидам:

Ҷавоб: Ҳадафи Русия ин аст, ки тамоми ашхосе, ки шаҳрвандӣ гирифтаанд, бояд ба ҳисоб гирифта шаванд ва воқеан шумораи аҳолиро он гуна, ки ҳаст мушаххас созанд. Вале дар ин ҷо чанд мушкил ҳаст. Мушкили аслӣ ин аст, ки аксари тоҷиконе, ки дар ин ҷо шаҳрвандӣ гирифтаанд, манзил ё ҷои хоси зист надоранд, то дар он ҷо сабт шуда бошанд ва расман ба сабти он ҷо дароянд. Вале тоҷиконе, ки воқеан ҷою макон доранд ва дар он ҷо расман зиндагӣ мекуннд, албатта, онҳо аз мавҷудияти худ иттилоъ хоҳанд дод. Вале шумораи бештари тоҷиконе, ки бидуни сабти ном зиндагӣ мекунанд ва дар ҷойҳое ба сар мебаранд, ки намехоҳанд худро ошкор кунанд, онҳо шояд, ки худро канор гиранд. Аз ин ҷиҳат мо наметавонем мушаххас созем, ки чӣ шуморае аз тоҷикони Русия дар саршуморӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ба фикри ман, аксари кулли онҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд.

Суол: Оқои Лашкарбек, он гуна, ки медонем, муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия дар гузаштаҳо аз дасти пулис, аз дасти кормандони интизомӣ як рӯҳияи тарс доштанд, ки асноди онҳоро тафтиш мекунанд, онҳоро азият медиҳанд. Мисли ин, ки онҳо то ҳол ҳамин рӯҳияро нигоҳ доштаанд. Фикр намекунед, ки дар ҷараёни баргузории ин саршуморӣ низ агар ба ҳисоб гирандагон ба суроғи онҳо биёянд, онҳо ҳатто мумкин аст дари худро бар рӯи онҳо боз накунанд?

Ҷавоб: Ман фикр мекунам, ки ин гуфтаҳо дуруст аст. Зеро қонуне ҳаст, дар ҷое, ки зиндагӣ мекунӣ, бояд расман дар бораи иҷоранишинӣ қарордод дошта бошӣ. Онҳое, ки чунин қарордод надоранд, ҳамеша дар тарсу бим ҳастанд.

Суол: Фикр намекунед, ки дар минтақаҳои мухталифи Русия ҷамъиятҳои тоҷикон ба муҳоҷирон дар ин бора иттилоърасонӣ кунанд, ёрӣ расонанд?

Ҷавоб: Фикр намекунам, ки ҷамъиятҳои тоҷики муқими Русия омодаи ин кор бошанд. Масалан созмони мо, то имрӯз дар бораи ин саршуморӣ ва кӯмак ба ҳукумат дар сафарбарии мардум дастуре нагирифтаем ва касе барои мо ҳам чизе нагуфтааст. Бинобар ин, мо ҳам дар ин рӯзҳо дар ин замина ҳеҷ иқдом нахоҳем кард.

Суол: Баъзе аз тоҷикон душаҳрвандӣ доранд. Ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳам шаҳрванди Русия. Оё ин гуна нахоҳад шуд, ки як нафар ҳам дар саршумории Тоҷикистон дохил шавад ва ҳам дар Русия. Яъне мантиқан як нафар ду бор ба ҳисоб гирифта шавад ва ду нафар шумурда шавад?

Ҷавоб: Ба назари ман, чунин кор имкон дорад. Масалан, ман шаҳрвади Тоҷикистонам, шаҳрванди Русия ҳам ҳастам. Ба ҷуз аз ширкат дар саршумории Русия, агар дар Тоҷикистон мебудам, дар саршуморӣ ширкат мекардам. Оқибати онро фикр намекунанд, ки саранҷом маълумоти нодуруст меравад. барои ҳамин бояд дар пурсишномаҳо ёдоварӣ шавад, ки пурсидашуда шаҳрвандии чанд кишварро дорад. Агар дар саволнома набошад, онро касе намегӯяд.

Суол: Мегӯянд, ки дар Русия, бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, ҳудуди 10 миллион муҳоҷирони хориҷӣ ба сар мебаранд. Агар ин нуктаҳо дар назар гирифта нашавад, то чӣ андоза саршумории Русия ба воқеияти ҳол дуруст хоҳад буд?

Ҷавоб:
Авваал, теъдоде ширкат нахоҳанд кард. Дуввум, шаҳрванди кишвари хориҷие ҳаст, ки маълумоташро ҳам дар ин ҷо медиҳад ва ҳам дар он ҷо. Албатта, ҳамаи ин, то андозае нодуруст будани ин омори гирдовардаро нишон медиҳад.
XS
SM
MD
LG