Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Аҳмадинажод аз Лубнон хотима меёбад


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, боздиди расмиаш аз Лубнонро имрӯз баъди сафар ба як минтақаи марзии ин кишвар бо Исроил хотима медиҳад. Рӯзи чаҳоршанбе Аҳмадинажод гуфт, Эрон дар баробари душманиҳои Исроил дар канори Лубнон хоҳад истод. Шиъамазҳабони Лубнон Маҳмуди Аҳмадинажодро истиқболи гарме гирифтанд, аммо суннимазҳабону насрониёни Лубнон нигаронанд, ки Эрон ва созмони Ҳизбуллоҳ бо таҳмили иродаи худ ба тамоаи кишвар, Лубнонро ба муноқиша бо Исроил накашанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин боздидро идомаи “амалкардҳои таҳрикдиҳандаи Аҳмадинажод хонд”.
XS
SM
MD
LG