Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тамоми конканҳои Чилиро наҷот доданд


Амалиёти берун овардани 33 конкани Чилӣ, ки дар умқи садҳо метр банд монданд, хотима ёфт. Тамоми 33 конканро як ба як таввасути қафаси борики дохили лӯла аз нақби торику намноку гарм берун кашиданд ва зудтар аз вақте ки пешбинӣ мешуд. Ин конканҳо дар умқи тақрибан 700 метр 69 рӯзи сахтро пушти сар карданд. Дар таърих то кунун чунин ҳодисае сабт нашудааст, ки конканҳо тайи ин муддати тӯлонӣ дар зери кон зинда мондаанд.
XS
SM
MD
LG