Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Лубнон


Дар нахустин боздиди расмиаш аз Лубнон Маҳмуди Аҳмадинажод раиси ҷумҳури Эрон шоҳиди истиқболи бо шӯру шавқе шуд. Ҳазорон нафар аз тарафдорони ӯ ба хиёбонҳои Бейрут рехтанд ва ба корвони мошини ӯ, ки ба самти кохи раиси ҷумҳури Лубнон ҳаракат мекард, гулпошӣ карданд. Маҳмуди Аҳмадинажод зимни вуруд ба фурудгоҳи Бейрут гуфт, душманони Эрону Лубнон бо дидани ин ду миллат дар канори ҳам бояд ба ваҳшат афтанд. Маҳмуди Аҳмадинажод бо Мишел Сулаймон, раиси ҷумҳури ғарбгарои Лубнон, мулоқот кард. Қарор аст, ӯ дар ҷануби Лубнон такягоҳи созмони Ҳизбуллоҳ ва дар шаҳри Бинт Ҷбейл дар наздикии марзи Исроил дар ҳузури ом суханронӣ кунад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафари Аҳмадинажод ба Лубнонро "таҳрикдиҳанда" хонд.
XS
SM
MD
LG