Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Украина ноибони нахуствазиро сабукдӯш кард


Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, дирӯз ду муовинони нахуствазирро аз мақомаш барканор кард. Дафтари раёсати ҷумҳури Украина гуфт, Виктор Слаута, муовини нахуствазир дар умури кишоварзӣ ва Володимир Сивкович, ноиб дар умури вазоратҳои дифоъ ва корҳои дохилӣ, аз мақомҳояшон сабукдӯш шуданд. Виктор Янукович нахустин бор аз салоҳиятҳое истифода бурд, ки ҳамин моҳ Додгоҳи Қонуни Асосӣ ба ӯ дод. Ин додгоҳ рӯзи якуми октябр, ислоҳоти Қонуни Асосии Украина дар соли 2004-ро беэътибор эълом кард ва салоҳиятҳои раиси ҷумҳур аз ҷумла таъйини вазирони ҳукуматро, ки ба порлумон дода буданд, баргардонд.
XS
SM
MD
LG