Пайвандҳои дастрасӣ

Хушбинӣ аз авзоъи амниятӣ дар Ҳилманди Афғонистон


Раҳбари собиқи гурӯҳи бозсозии шаҳри Ҳилманд мегӯяд, ба шарофати амалиёти нерӯҳои НАТО алайҳи Толибон авзоъ дар ин шаҳри ноороми Афғонистон ба ҳолати оддӣ бармегардад. Линда Камерон рӯзи сешанбе дар шаҳри Брюссел гуфт, амалиёт алайҳи Толибон дар вилояти Ҳилманд дар аввали ҳамин сол эътимоди мардум ба ҳукуматро афзудааст ва ӯро нисбат ба субот дар инҷо хушбин кардааст. Хонум Кемерон, шаҳри Мусо Қалъаро мисол овардааст, ки нерӯҳои хориҷӣ ва афғон онро аз тассаруфи Толибон раҳо карданд. Вилояти ҷанубии Ҳилманд бо манотиқи қабоилнишинаш яке аз такягоҳҳои аслии Толибон маҳсуб мешуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG