Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотимаи як муҳокимаи пурсарусадои Русия


Дар Русия як фаъоли мубориза бо нашъамандиро ба зиндон маҳкум карданд, ки бо усулҳои дурушти табобати мӯътодон шинохта шудааст. Егор Бичков, раҳбари Бунёди шаҳри бидуни маводи мухаддир, дар шаҳри Нижний Тагил бо гуноҳи одамрабоӣ ва шиканҷа ба се соли зиндон маҳкум шуд. Муфаттишон мегӯянд, Егор Бичков як мӯътоди ҷавонро рабуда ва дар шифохонаи созмонаш бо дастони баста ва бе додани доруҳои таскинбахши дард табобат мекардааст. Аммо вакилони дифоъи Бичков мегӯянд, ҷавони мӯътод бо ризоияти падару модараш ба маркази дармонӣ овардаанд ва парвандаи Бичков бофта аст.
XS
SM
MD
LG