Пайвандҳои дастрасӣ

Сомонаи мухолифини туркман дастнорас шуд


Сомонаи интернетии як гурӯҳи ҳуқуқи башари Туркманистон, мустақар дар Вена, пойтахти Австрия, тайи чанд рӯз дастнорас аст. Фарид Тухбатуллин, раиси ин гурӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сомонаи онҳо “Хроникаи Туркманистон” бори аввал рӯзи 1 октябр дастнорас шуд ва баъдан мавриди ҳамлаи ҳакерҳо қарор гирифт. Ба гуфтаи ӯ ҳамла баъд аз он сурат гирифт, ки раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз вазорати амнияти миллӣ хост то алайҳи онҳое, ки дар бораи Туркманистони демокративу ҳуқуқбунёд тӯҳмату бӯҳтон пахш мекунад, иқдом кунад. Гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Туркманистон дар хориҷи кишвар амал мекунанд.
Сомонаи интернетии гурӯҳи ҳуқуқи башари Туркманистон аз моҳи сентябри соли 2006 фаъол аст.
XS
SM
MD
LG