Пайвандҳои дастрасӣ

Кремлин мушовири нави ҳуқуқи башарро таъйин кард


Михаил Федотов

Михаил Федотов

Вақте президенти Русия Дмитрий Медведев раиси Иттиҳодияи журналистон Михаил Федотовро ба мақоми раҳбари Кумитаи ҳуқуқи башар таъйин кард, аксарият тааҷҷуб карданд.

Федотов инчунин мушовири Медведев дар масоили ҳуқуқи башар гардид, ки ин мақоми ӯро аз Элла Памфилова, маъмури пешини ин масоил болотар мебарад.

Хонум Памфилова шӯрои ҳуқуқи башарро даҳ сол пеш таъсис дода онро то замони аз ин мақом дар моҳи июл рафтанаш раҳбарӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки барои тарки вазифа кардани ӯ низоъҳо бо аъзои ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” ва гурӯҳи ҷавонони “Наши” сабаб шудааст.

Истиқболи фаъолони ҳуқуқи башар

Аксар фаъолони ҳуқуқи башар интихоби номзадии Федотовро ба ин мақом истиқбол карданд. Юрий Ҷибладзе, узви кумитаи ҳуқуқи башари президент дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки таъйиноти Федотов аломати нек аст.

“Шояд ин як муомилаи олиҷанобе бошад. Ба он маъно, ки ӯ ҳам аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам мақомот мавриди истиқбол қарор гирифта барои ҳалли мушкилоти сахт роҳҳалҳои дипломатӣ пайдо карда метавонад”.

Федотов худ ҳуқуқшинос буда дар оғози солҳои 1990-ум қабл аз раҳбари Иттиҳодияи журналистон интихоб шуданаш чун вазири матбуот кор кардааст. Вай инчунин ба ҳайси намояндаи Русия дар UNESCO ифои вазифа карда барои таъсиси Иттиҳодияи нирӯҳои ростгаро саҳм гузоштааст. Соли 2004 вай ба кумитаи “Интихоби озод”-и таҳти рабҳарии Гаррӣ Каспаров ҳамроҳ шуд, ки аз мунаққидони шадидлаҳни Владимир Путин гардид.

«Шахси оштиҷӯ»

Федотов ахиран дар сӯҳбат бо оҷонсии Интерфакс гуфт, ки яке аз масоили аввалиндараҷаи ӯ дар ин вазифа коҳиши тамоюлҳои мардум барои ситоиши Иосиф Сталин ва ҳамчунин талош барои роҳандозии ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва риояи ҳуқуқи кӯдак хоҳад буд.

Як узви дигари ин шӯро Валентин Гефтер, ки аз пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи башар намояндагӣ мекунад, дар сӯҳбат бо бахши русии радиои Озодӣ гуфт, Федотов як шахси оштиҷӯ аст.

"Баъди кор дар сохторҳои давлатӣ шояд дар назари баъзеҳо шахсияти ӯ шубҳанок намояд. Аммо аз нигоҳи ман, шояд вай тавонад аз баъзе иштибоҳҳое ҷилавгирӣ кунад, ки ман агар мебудам, роҳ медодам”.

"Бюрократи дараҷаи аввал"

Вале на ҳама бо ин андеша розӣ шуда метавонад. Як узви дигари шӯрои ҳуқуқи башар ва корманди кумитаи миллии зиддикоррупсионӣ Кирилл Кобанов гуфт, ки интихоботи Федотов ба он маъно карда шудааст, ки шеваи кори ин кумита нармпазиртар шавад.

“Федотов фақат як фаъоли ҳуқуқи башар нест. Вай дар гузашта як бюрократи дараҷаи аввал буд. Аз ин хотир, ман намефаҳмам, ки оё таъиноти вай маънои болоравии мақоми ин шӯроро дорад ё чизи дигар”.

Ҳарчанд хонум Памфилова, ки пеш аз Федотов дар ин вазифа кор кардааст, аз гуфтани сабаби тарки мақом карданаш худдорӣ мекунад, вале гуфта мешавад, ки ӯ вақтҳои охир аз афзоиши худкомагии давлат, нотавонии ҳукумат дар риояи ҳуқуқи инсон ва мусоидат ба онҳое, ки қурбонии табъйизу бадрафториҳо шуда дар ниҳоят кушта шудаанд, зиёд норозӣ буд.
XS
SM
MD
LG