Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наққошиҳои лабрези шавқ


Имрӯз дар Душанбе ҷашнвораи нахустини хушнависии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, маъруф ба ЭКО шурӯъ ба кор кард. Дар чаҳорчуби ин ҷашнвора, ки 15 рӯз идома хоҳад кард, дар осорхонаи Камолиддин Беҳзоди пойтахт нақши дастони хушнависони 6 кишвар — Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Туркия, Қирғизистон ва Покистон ба намоиш гузошта шудаанд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ҳадафи баргузории ин ҷашнвора дар Тоҷикистонро таблиғ ва ошно кардани мардуми кишвар бо ин ҳунари волои ниёкон аст.

Дар Тоҷикистон баъд аз рӯи кор омадани алифбои сирилик хушнависӣ ҳам мавқеи қаблиашро аз даст дод.

Хушнависӣ дар гузашта хаттотӣ унвон мешуд. Баъд аз рӯи кор омадани дастгоҳҳои табъу нашр хаттотӣ аз байн рафт, аммо ба ҷои он хушнависӣ омад, ки ҳоло дар олами ислом як ҳунари машҳур аст.

Ҳоло дар Душанбе машҳуртарин хушнависони олами ислом ба сар мебаранд ва мардуми Душанберо бо осори хеш ошно мекунанд.

XS
SM
MD
LG