Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳуров чӣ паёме ба Рашт бурд?


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҳоле вориди водии Рашт мешавад, ки даргириҳо дар баъзе аз мавзеъҳои ин минтақа миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат идома дорад.

Дар ҳоле ки ин ҳаводис дар ҷаласаҳои парлумон то ба имрӯз боре ҳам баррасӣ ва муҳокима нашудааст, ин сафар то андозае ғайримунтазира ҳам ба назар мерасад.

Аммо Ғолия Рабиева, узви Кумитаи сохтори конститутсионӣ ва идораи давлатӣ дар Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, раиси маҷлис аз водии Рашт вакил интихоб шудааст ва сафари ӯ ба минтақа ва ҳузури ӯ дар канори интихобкунандагон як амри табиист.

Аз сӯи дигар, меафзояд хонум Рабиева, Шукурҷон Зуҳуров таҷриба ва малакаи хуби сулҳоварӣ дорад ва умед бар ин аст, ки аз ин таҷрибаи ӯ барои ҳалли қазия ва дастёбӣ ба созиш истифода шавад.

Хонум Рабиева нооромиҳои рухдода дар шарқи кишварро таҳдид ба сохти конститусионии кишвар номид, ки раиси парлумонро дар чунин шароит бетараф гузошта наметавонад.

Иброҳим Усмон, таҳлилгари тоҷик, бар ин назар аст, ки сафари раиси парлумон ба Рашт раванди тозае дар муносибати давлат бо гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ аст
Интизориҳо аз сафари Ш. Зуҳуров

Дар ҳамин ҳол коршиносон ва таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сафари раиси парлумон ба минтақаи Рашт оғози як раванди тоза дар муносибати давлат бо гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ аст.

Иброҳими Усмон, таҳлилгари тоҷик, ки дар солҳои 90-ум ҳамроҳ бо Шукурҷон Зуҳуров дар тамоми давраҳои музокироти сулҳи миёни ҳукумат ва мухолифин аз тарафи ҳукумат ширкат доштааст, мегӯяд, сафари раиси парлумон ба минтақаи Рашт аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлат роҳҳои дигари ҳалли бӯҳрони пешомада дар ин водиро пеш гирифтааст.

Оқои Усмон гуфт, ба дунболи эълони дастури раисиҷумҳур дар мавриди аз ҷавобгарӣ раҳо кардани аъзои гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ дар ивази халъи довталабонаи силоҳ сафари раиси парлумон таъкиди дигарест, ки қазия вориди марҳалаи тоза шудааст.

Эҳтимоли афви ҷангҷӯёни пушаймон

Давлат Усмон, аз роҳбарони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик, мегӯяд, сафари Шукурҷон Зуҳуров ҳамчун шахсияти бонуфузи ин минтақа натиҷаи хуб хоҳад дод
Як рӯз қабл аз сафари Шукурҷон Зуҳуров ба водии Рашт додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода хабар дод, ки бино бар дастури раисиҷумҳур афроде, ки силоҳҳои худро ихтиёран месупоранд, аз масъулият озод хоҳанд шуд.

Абдулғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар ҷараёни ин сафар раиси Маҷлиси Намояндагон ҳатман паём ва пешниҳодҳои роҳбарияти олии кишварро ба мухолифини мусаллаҳ хоҳад расонд. Аз сӯи дигар Шукурҷон Зуҳуров, ки худ зодаи ин минтақа аст, ҳадди ақал метавонад норизоиятӣ ва нороҳатиҳои сокинони ин водиро таскин бидиҳад, меафзояд ӯ.

Давлати Усмон, аз роҳбарони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва ҳарифи Шукурҷон Зуҳуров дар интихоботи ахири парлумонӣ, низ эътироф мекунад, ки спикери парлумон як шахсияти шинохташудаи минтақа дар сатҳи ҷумҳурист. Афзун бар ин ӯ нафари қобили эътимоди роҳбари давлат аст ва вориди қазия шудани ӯ, ба гуфтаи оқои Усмон, натиҷаи хуб хоҳад дод.

Дасти хориҷӣ дар ҳаводиси Рашт

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ғолия Рабиева, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, низ мӯътақид аст, ки дар бурузи нооромиҳои шарқи кишвар дасти хориҷӣ ҳузур дорад. Хонум Рабиева бо ишора ба идомаи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун мегӯяд, як далели нооромиҳо дар водии Рашт қатъ нашудани ин корҳо мебошад.

Зимнан коршиносон низ бар ин назаранд, ки мақомот аз баъзе амалиёти нерӯҳои қудратӣ, аз ҷумла ҳадафи ҳамла қарор додани ҳавлии Мирзохӯҷа Аҳмадов - фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва шарики ин гурӯҳҳо эълон кардани ӯ норозӣ ва пушаймон ба назар мерасанд.

Зеро, мегӯянд ин коршиносон, барои ин нафари пурнуфуз дар водии Рашт ва ҳам шояд барои боқӣ фармондеҳони собиқи ин қаламрав дар чунин шароити чорае ба ҷуз аз пайвастан ба гурӯҳҳои мухолифи давлат боқӣ намегузорад. Амре, ки ба бовари нозирони умур, ба ҳеҷ ваҷҳ ба фоидаи Душанбе нест ва баръакс мухолифони давлатро тақвият медиҳад.

Гуфта мешавад, шояд як ҳадафи сафари раиси Маҷлиси Намояндагон ба водии Рашт низ ҷилавгирӣ аз чунин рангу самт гирифтани талотуми ҳодисот бошад.
XS
SM
MD
LG