Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод бо Мишел Сулаймон гуфтушунид кард


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, дар ҷараёни нахустин сафари давлатияш ба Лубнон бо Мишел Сулаймон, раҳбари ин кишвар, гуфтушунид анҷом дод. Аҳмадинажод, аз ҷумла, изҳор намуд, ки Эрон мехоҳад ҳампаймони на фақат шиаҳо, балки ҳама мардуми Лубнон бошад. Дар як нишасти хабарӣ дар Бейрут Аҳмадинажод, ҳамчунин гуфт, ки Лубнон ва дигар кишварҳои минтақа "ниёзе ба дахолати бегонагон" надоранд.
Қарор аст, ки Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҷараёни сафари худ ба Лубнон аз манотиқи таҳти назорати гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” – дар ҷануби Бейрут ва дар марз бо Исроил дидан кунад.
Дар ҳамин ҳол, сафари Аҳмадинажод мавриди интиқоди вакилони ғарбгарои парлумони Лубнон қарор гирифт. Сафари раисиҷумҳури Эронро ИМА ва Исроил маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG