Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербия барои бадрафтории мухлисон узр хост


Мақомоти Сербия барои бадрафтории мухолисони футболи кишвар, ки мунҷар ба қатъи бозии давраии қаҳрамонии Аврупо миёни дастаҳои Италия ва Сербия дар шаҳри Генуяи Италия гардид, расман маъзарат хостанд. Дар ин бора вазири умури хориҷии Италия Франко Фраттинӣ баъд аз сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои сербаш Вук Еремич хабар дод.
Полиси Генуя 17 нафар аз авбошонро боздошт кардааст. Рӯзи сешанбе полис аз задухӯрд миёни мухлисони футболи Сербия ва Италия ҷилавгирӣ кард ва аммо идомаи бенизомиҳо аз сӯи меҳмонони серб боиси қатъ гаштани бозӣ гардид. Ҳамчунин мухлисони серб ба автобуси дастаи футболи кишварашон ҳамла карда дарвозабонро лату кӯб карданд. Дар бозии қаблӣ футболбозони Сербия аз дастаи Эстония бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хурда буданд.
XS
SM
MD
LG