Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Сара Пелин аз паёмади барномаи ҳастаии Эрон


Cара Пелин, ки бар пояи гумонзаниҳои расонаҳои амрикоӣ эҳтимолан дар пайи номзад шудан барои интихоботи раёсати ҷумҳури Амрикост, дар мусоҳибае гуфтааст, агар Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад, шояд «ҷанги охирузамон» ба вӯқӯъ бипайвандад.

Сара Пелин, муовини Ҷон Меккейн дар рақобатҳои интихоботи раёсати ҷумҳури пешини Амрико дар мусоҳиба бо вебсайти "Newsmax", Эрони ҳастаиро фаротар аз як таҳдид барои амнияти миллии Амрико дониста ва таъкид кардааст, ки даст ёфтани Эрон ба силоҳҳои ҳастаӣ, метавонад ба «ҷанги ниҳоӣ миёни хайр ва шар» бианҷомад.

"Танҳо масъалаи Исроил ва Амрико нест ....."

Вай дар ин мусоҳиба аз «Армагеддон» ё ҷанги охирузамон, ки дар китоби муқаддаси омадааст истифода кардааст.
Сара Пелин гуфт: «бояд бидонем, ки дар ниҳоят силоҳи ҳастаӣ дар дастони ин кишвар танҳо масъалаи Исроил ё Амрико нест, масъалаи ҷаҳон аст.»

Сара полин тасреҳ кард : «Чунин чизе метавонад ба як ҷанги охирузамонӣ бианҷомад.»

Сараҳ Пелин дар моҳи феврали ба Борак Обама раиси ҷумҳури ИМА пешниҳод дода буд барои ин, ки эҳтимоли баранда шудани вай дар интихоби ояндаи раёсати ҷумҳури ин кишвар бештар шавад, ба Эрон ҳамла кунад.

Фармондори пешини Алaска дар ин мусоҳиба дар посух ба ин пурсиш, ки оё барои расидан ба раёсати ҷумҳурӣ иқдом хоҳад кард ё на, изҳор дошт, ки тасмимаш ба омодагии Амрико барои доштани раҳбари «хориҷ аз чаҳорчуб» бастагӣ дорад.

Сара Пелин дар ҳафтаи ахир ба яке аз чеҳраҳои барҷастаи ҷунбиши мавсум ба «ҳизби чой» табдил шуд, ки мухолифони сиёсатҳои Борак Обама, ба вижа дар масоили иқтисодӣ ва молиётиро гирди ҳам овардааст.

Масъалаи ҳастаии Эрон чолише барои Борак Обама

Ҳамакнун чигунагии рӯёрӯи бо Эрон ва ба вижа барномаи ҳастаиаш яке аз чолишҳои сиёсати хориҷии давлати Борак Обама аст.
Дар ҳоле, ки Борак Обама ба тозагӣ гуфтааст ҳамлаи низомӣ ба Эрон ба унвони як гузина мадди назар аст, аммо гузинаи матлуб нест, шуморе аз сиёсатмадорон ва қонунгузорон, умдатан аз ҳизби ҷумҳурихоҳ, хоҳони таваҷҷуҳи бештаре ба ин гузина ҳастанд.

Дар тобистони имсол 47 нафар аз намояндагони ҷумҳурихоҳ матнеро имзо карданд, ки дар он аз иқдоми эҳтимолии Исроил алайҳи Эрон ҳимоят шуда буд. Дар ин матн омада аст «дар сурате, ки роҳи ҳалли сулҳомез дар муддати замони қобили қабул барои таҳдиди фаври(Эрон) алайҳи давлати Исроил ба даст наояд»

Имзокунандагон «аз ҳаққи ҳокимияти Исроил барои дифоъ аз худ, муҳофизат аз ҷон ва амнияти мардуми Исроил ва истифода аз ҳама абзори лозим барои муқобила ва ҳазфи таҳдиди атомии ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумла истифодаи аз нерӯи низомӣ» ҳимоят мекунанд.

Ба тозагӣ сенатори мустақил Ҷо Либерман низ гуфта аст дар сурате, ки таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Теҳрон натиҷабахш набошад, Амрико бояд ҳамлаи низомӣ ба Эронро баррасӣ кунад.

Бо ин ҳол, шуморе аз фармондеҳони баландпояи амрикоӣ ҳушдор додаанд, ки паёмадҳои чунин ҳамла бисёр густурда ва хориҷ аз назорат бошад.
XS
SM
MD
LG